ПЕШВОИ ТАШАББУСКОР ВА ДАВЛАТИ ТАЪСИРГУЗОР

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати Пешвои ташаббускор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамчун давлати таъсиргузор эътироф гардид. Воқеан ҳам, эҳтирому эътирофи Сарвари давлати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ- ин эҳтирому эътирофи миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад. Маҳз маҳорати идоракунӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсию адолати иҷтимоии Сарвари давлати тоҷикон боис гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар сатҳи байналмилалӣ шуҳрату эътибор пайдо намоянд. Чунин изҳори назар намудааст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.
— Соли равон аз талошҳои мамлакати мо дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид 22 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ 9 қатънома қабул гардид. Қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҷамъомадҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки иқдоми ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёд дар пай доранд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати азизамон тавонист на танҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои судманди тарафайн ба роҳ монад, балки роҳи беназирро ба дипломатияи дар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ бунёдшуда пеш гирад.
Бояд гуфт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти воқеии башарият пешниҳодҳои воқеӣ ва муассир буда, ҳадафу вазифаҳои онҳо вобаста ба авлавияташон хеле оқилона гузошта шуда буданд. Аз ҷониби дигар, мавқеи санҷидашуда ва мутавозини Тоҷикистон, бешубҳа, ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва мавқеи минбаъдаи мамлакат ҳамчун неруи бонуфуз, созанда дар суботи минтақавӣ мусоидат намуд.
Таърихи куҳанбунёди давлатдорӣ ва ҳаёти сиёсии тоҷикон замина гузошт, ки дипломатияи муосири тоҷик зуд ташаккул ёфта, ба сифати дипломатияи густурдаи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ баробари эътироф гардидан ба ҳайси давлати демократию дунявӣ ва соҳибихтиёр, инчунин дар зиёда аз ду даҳсола таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускор ва пешбарандаи рӯзномаи обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар ин муддат шаҳри Душанбе борҳо ба маркази тасмимгириҳо, хусусан дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва пешгирии тағйирёбии иқлими сайёра мубаддал гардидааст. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки пойтахти азизи мо- шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об маҳсуб шуда, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳаётан муҳим таконбахши болоравии нуфузу ҷойгоҳи давлати мо дар ақсои олам ба ҳисоб меравад. Ин самараи истиқлол, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат аст. Мо бояд ба қадри ин неъматҳои беҳамто расем, ифтихор кунем, ҳифз намоем, таҳким бахшем ва онҳоро бештар муаррифӣ намоем.
Ташаббусҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилот вобаста ба об дар сайёра ҳамгироию ҳамбастагӣ, ваҳдату ягонагӣ, истифодаи оқилонаю сариштакоронаи сарвати табиӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор (17 ҳадафи калидӣ барои давраи то соли 2030) ва дар ин замина, таъмини зиндагии шоиста барои тамоми сокинони сайёраро байни халқҳо талқин менамоянд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, мафҳуми обро аз фаҳмиши куҳнаи классикӣ берун бароварда, ҳамчун омили аслии ҳастии инсон, инчунин омили татбиқи «рушди устувор» ва расидан ба зиндагии арзанда ва пешгирӣ аз хавфу хатарҳои техногенӣ ва табиӣ муаррифӣ намуда, дар татбиқи рушди устувор дар доираи Рӯзномаи нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид — Ҳадафҳои рушди ҳазорсола нақши калидӣ доранд.
Эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар намудани 21 март идомаи мантиқии сиёсати «дарҳои кушода» буда, аз Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтаанд.
Инсон бо табиат зинда аст, зеро он манбаи ҳаёт, сарчашмаи асосии қонеъ гардондани талаботи моддию маънавии ӯ ба ҳисоб меравад. Инсоният дар марҳилаҳои гуногуни фаъолият бо табиат муносибатҳои гуногун барқарор менамояд, то ҳамчун мавҷуди биологию иҷтимоӣ умр ба сар барад. Баъзан ин муносибат ва алоқамандиҳо ба тағйироте боис мегарданд, ки ҳаёти инсонро дар хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, одамон давоми таърих кӯшиш намудаанд, ки асрори табиат, сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои табиӣ ва моҳияти онҳоро дарк намоянд. Дар остонаи ҳазорсолаи сеюм ҷомеаи инсонӣ ба якчанд мушкилоте дучор омадааст, ки яке аз онҳо ба муносибати байни инсону табиат вобастагии зич дошта, масоили экологӣ ном гирифтааст. Инсоният ҳоло беш аз пеш дарк менамояд, ки вазъи саломатии ӯ ба вазъи муҳити зист, тағйирёбии иқлим бевосита алоқаманд аст. Тақдири ояндаи мавҷудияти инсоният ба ҳифзи муҳити зист вобаста аст. Дар баробари таваҷҷуҳи хосса ба ҳалли масъалаҳои мамлакати худ рӯй овардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли яке аз мушкилоти калидии инсоният -дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои ҳама, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ муаррифи хислатҳои азалӣ ва наҷиби инсонии миллати тоҷик мебошад.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва мубрам, ки аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зудобшавии пиряхҳо мебошад. Масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари Президенти Тоҷикистон қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил аз минбарҳои бонуфузи дунё пешниҳодоти наҷибро манзур намуданд ва ин ташаббусҳо аз ҷониби мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Ба ин мушкилот Президенти Тоҷикистон хеле пештар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, паҳлуҳои гуногуни онро дар мақолаи хеш — «Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» (рӯзномаи «Независимая газета»-и Федератсияи Русия, аз 7 декабри соли 2000) мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор додаанд. Дар мақолаи мазкур Президенти Тоҷикистон сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, навиштаанд, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар 50 соли охир 1/3 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Миёна — Ванҷях кам шудааст. Президенти Тоҷикистон дар мақолаи таҳлилиашон чунин таъкид намудаанд: «Табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко (Ванҷях) чизе боқӣ хоҳад монд».
Илова бар ин, Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба мушкилоти об дар қатори дигар таҳдиду хатарҳо, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, яке аз масъалаҳои умдаи башарият мебошанд. Хотираи таърихии миллати тоҷик пайвандхӯрда бо имрӯзаш аст, ки давоми ҳазорсолаҳо то ба имрӯз рисолати башардӯстонаи хешро аз даст надодааст, балки таҷрибаҳои куҳани таърихӣ ва амалияи имрӯзи ин миллат дар дарёфти сулҳу ваҳдату дӯстӣ барои бисёр мардумони олам намунаи ибрат будаасту ҳаст.
Дар асри XX олимони соҳаи астрономия пешгӯӣ намуда буданд, ки садаи 21-ро равандҳои тағйирёбии иқлим фаро мегиранд. Бо гузашти беш аз сад сол пешгӯии коршиносони соҳа дуруст баромад. Агар имрӯз хушксолӣ ва норасоии оби ошомиданию маҳсулоти озуқаворӣ як қисми давлатҳои оламро дучори мушкилӣ намуда бошад, давлатҳои дигар аз пайваста рӯй додани ҳодисаҳои табиӣ ва обшавии пиряхҳо азият мекашанд.
Бояд иброз намуд, ки ёдоварӣ аз гузаштаи худ, аз дину оини ниёгон барои ҳар халқу миллат зарур аст, зеро фарзандони ҳар миллат бе донистани решаҳои аҷдодӣ наметавонанд дар ҷаҳони имрӯз ҷойгоҳи худро дарёбанд. Албатта, баъзе он дину оинҳо дигар дар миёни мо нестанд, мо фақат аз онҳо ва аз тафаккури волои аҷдоди пуршарафи худ ёд мекунем ва барои худ сабақ мегирем. Ҳамчун аз як падидаи неки фарҳангиву тамаддунӣ аз дунёи куҳан мисол меорем, то дониста бошем, ки ин ҷаҳду талошҳо дар роҳи барқарорӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат барои миллати мо нав несанд. Балки ҳазорсолаҳост, ки дар шарёни миллии мо ҷӯш мезананд ва то абад хоҳад рафт. Дар Қуръон зимни ёдоварӣ аз биҳишт низ аз мавҷудияти мавзеъҳое, ки зери он ҷӯйи об равон аст, дар бисёр мавридҳо («… барояшон боғҳое ҳастанд, ки ҷӯйборҳо аз зери он ҷорӣ аст..»,Сураи Бақара(2), ояти 25, Нисо, ояти 57, Моида, ояти 12 ва ғайра) таъкид шудааст. («Боғҳое, ки дар зери онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ мешавад»— рамзи неъматҳо, оромӣ ва сарсабзии ҷовидонаи биҳишт аст).
Пайвандии инсон бо об (тибқи исботи илмӣ низ 70 фоизи организми инсон аз об иборат аст) дар Қуъони карим, сураи (25) Фурқон, ояти 54 таъкид гардидааст: «Ва Ӯ Он (Худой) аст, ки аз об одамӣ офарид, пас ӯро (хеши) насаб ва домодӣ сохт. Ва парвардигори ту Тавоно аст».
Дар Авасто низ аз об на танҳо ҳамчун аз манбаи ошомиданӣ барои идомаи ҳаёти зинда сухан меравад, балки аз он чизи бештареро хоҳонанд. Бо об ҳамчун бо чизи поки муқаддас муносибат карда мешавад. Он ҷо аз обҳо низ ваҳдату дӯстии одамон хоста мешавад, чунонки дар порае аз Авасто омадааст, ки «…аз шумо, эй обҳои нек,… дӯстӣ хоҳонем» (Ҳоти 38:4)… Дар ҷои дигар аз онҳо ёриву мадад мехоҳанд: «…шуморо ба ёрӣ ҳамехонем… дар ин тангно моро подош диҳед ва ёрӣ кунед, шумо эй модарони зинда!» (Ҳоти 38:5). Аҷоибии фармудаи Авасто он аст, ки гӯё барои имрӯзи Тоҷикистон гуфта шуда, яъне мо дар ин тангно аз обҳои худ подошу мадад мехоҳем. Ва чунонки дар луғатномаҳо маълум аст, «тангно» ба маънии тангии байни ду кӯҳ ё дараи кӯҳӣ ва дигар ба маънии сахтии зиндагӣ аст. Яъне имрӯз обҳои кӯҳии мо дар тангноҳои кӯҳиамон метавонанд моро мадад кунанд ва аз мушкилоти иқтисодие, ки имрӯзҳо дар ҳаёти мамлакат дорем, озод созанд. Ин навиштаи Авасто бо таъбири дигаре дар он таъкид шуда, ки «Эй обҳо аз шумо неру хосторем…» (Ҳоти 65:11). Агарчи дар Авасто неру ба маънии умумӣ хоста шудааст, пас воқеан ҳам мо имрӯз аз обҳои худ дар баробари дигар неруҳои аз он ҳосилшаванда неруи барқии онро низ хоҳонем. Ва боз ба баёни равшантаре мефармояд: «Эй об… маро рўшноии ҳама гуна хушидиҳанда бибахш!» (68:5), «эй обҳо, моро фурӯғу фарр бахшед…(68:21), ки он моҳиятану мантиқан ҷуз ба маънии рушноии аз барқи обӣ ҳосилшаванда ва ба ин восита ба фурӯғу фарр расидани мамлакату миллат нест?
Аниқтараш аз истифодаи самараноки ин обҳои кӯҳӣ ва сохта, ба истифода додани неругоҳҳои барқи обӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои миллиамон-истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем ва рушди иқтисоду саноати мамлакатро таъмин намоем. Вақте ки мо ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи дигари миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат сухан мегӯем, татбиқи ин ҳадафи стратегиро бе заминаи рушди соҳаи энергетика тасаввур карда наметавонем (барои фаъолияти корхона, заводу фабрика қувваи барқ омили асосӣ аст). Тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар мамлакати мо захираҳои энергетикӣ бо иқтидори зиёда аз 523 миллиард кв/соат мавҷуданд, ки аксари он аз сарчашмаҳои обӣ мебошад.
Яъне, бо ба кор андохтани ин иқтидор аз сарчашмаҳои обӣ мо метавонем рушди иқтисодии мамлакатамонро беҳтар намуда, барои мардум шароити зиндагии шоистаро таъмин намоем. Дар баробари ин, бо содироти неруи аз лиҳози экологӣ тоза (неруи «сабз») ба дигар кишварҳои минтақа ва Осиё (тавассути лоиҳаи CASA — 1000), Тоҷикистон дар пешгирии тағйирёбии иқлими сайёра саҳм мегузорад, ки ин ба ҳамгироию дӯстӣ байни кишварҳо мусоид менамояд.
Олимон дар заминаи пажӯҳиш обҳои Заминро ба чор бахш- уқёнусҳо, пиряхҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ҷудо намуданд. Тибқи хулосаи онҳо, обҳои шӯри уқёнусӣ 96,4 дарсад, обҳои гидросфера, пиряхҳо — 1,86, обҳои зеризаминӣ — 1,68 ва обҳои рӯизаминӣ ва обанборҳо 0,02 дарсадро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бо ин, обҳо дар гидросфера, асосан дар шакли моеъ 98 дарсад, сахтӣ (пирях ва барф) — тақрибан 2 ва дар шакли буғӣ 0,001 дарсад мавҷуданд. Вале, бо вуҷуди ҳамаи ин, дар сайёраи мо танҳо 2,5-3 дарсадро оби тоза, яъне обе, ки намаки он аз – 0,5 зиёд нест, ташкил медиҳад. Пиряхҳо 90 дарсади оби тозаи сайёраи моро таъмин мекунанд ва бахши боқимондаи он дар дарёҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва абрҳо маҳфузанд. Дар ин робита ёдрас шудан бамаврид аст, ки ҳамасола талабот ба оби ошомиданӣ дар кураи Замин то 64 миллион метри мукааб меафзояд. Масалан, агар солҳои 1950 — 2016 аҳолии Замин се маротиба зиёд шуда бошад, дар ин давра талабот ба оби ошомиданӣ 17 маротиба афзуд. Дар асоси пешгӯиҳои коршиносон, соли 2025 қариб 50 дарсад ва соли 2050 қариб 75 дарсади аҳолии Замин бо норасоии оби ошомиданӣ мувоҷеҳ мешаванд. Ҳоло зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва тибқи пешгӯиҳои олимон, ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳар рӯз бо сабаби нарасидани оби тоза дар кураи Замин аз 800 то 1000 кӯдаки то 5-сола мефавтанд.
Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряхҳо тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, хусусан дар кишоварзӣ (то 78 дарсад оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст.
Дар аксар кишварҳои қораи Африқо сокинон 5 соати як рӯзро дар ҷустуҷӯи оби нӯшокӣ сарф мекунанд. Ҳамасола дар ҷаҳон то 5 миллион одам аз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд. Олимони Донишкадаи таҳқиқотии уқёнуси Ором исбот намудаанд, ки дар бист соли оянда 34 миллион сокини сайёраи Замин дар пайи мушкилии норасоии оби ошомиданӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Ба назари мутахассисон, норасоии об, аз ҷумла дар мамлакатҳои осебпазир, боис ба хурӯҷи бемориҳо гардида, бар асари он давоми ҳар 8 сония як кӯдак бо марг рӯ ба рӯ мешавад. Бинобар ин, зарур аст, ки барои таъмин кардани организми хеш бо оби босифат ва бо миқдори зарурӣ мубодилашавии оби сифатнокро баробар нигоҳ дорем. Бояд гуфт, ки ҳаёти инсон аз сифатнокии об вобастагии калон дорад, чунки он барои организми инсон пас аз кислород моддаи дуюм ба шумор меравад. Олимон исбот намудаанд, ки барои фаъолияти муътадили организми инсон дар як шабонарӯз 20-25 литр оби нӯшокӣ зарур аст.
Вобаста ба ин масъалаи мубрами байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид чунин иброз намуданд: «Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашанд, мо — мардуми Осиёи Марказӣ наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».
Рақамҳои мазкур далели бебаҳси онанд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дипломатияи об, истифодаи муассиру оқилонаи он омили ҳалли яке аз мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, омӯхтани масоили марбут ба об муҳиму муфид буда, барои боз ҳам дақиқ таҳқиқу таҳлил намудани масъалаи мазкур аз аҳамият холӣ нест.
Дар маҷмуъ, боиси ифтихори тамоми тоҷику тоҷикистониён аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони тавлиди иқдоми наҷибу созанда ва гаҳвораи камолоти сиёсати бунёдкоронаи дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст. Ин ва дигар дастовардҳо ба фаъолияти Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дошта, дар ин замина Пешвои миллату давлати мо мавриди эътирофу эҳтиром ва арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.