Пиёзро кай ва чӣ тавр барои зимистон захира намоем?

Июль 13, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, пиёзи дар фасли тобистон ҷамъоваришуда барои нигоҳдорӣ он қадар устувор нест. Пиёзе, ки дар моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ мегардад, барои захира намудан дар фасли зимистон мусоид аст. Барои фасли зимистон пиёз дар сардхонаҳо ва таҳхонаҳо захира карда мешавад.

Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки пиёзи киштнамудаи аввали баҳор моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад. Пеш аз захира намудани пиёз, онро бояд муддати 10-12 рӯз дар Офтоб хушк ва аз байнашон пиёзҳои нуқсондорро ҷудо кард. Сипас пиёзро дар борхалтаҳои махсус гирифта, захира намудан мумкин аст. Бояд гуфт, ки ҳарорати сардхона бояд 12 дараҷа гармиро ташкил диҳад, зеро бо омадани фасли сармо ҳарорати сардхона поин шуда, ба 3 ё 4 дараҷа гармӣ мерасад. Агар ҳарорат аз ин паст шавад, ин маҳсулотро сармо мезанад.

Дар ноҳияҳои дурдаст сокинон пиёзро дар анборхона ва ё болохона ба таври паҳн намудан захира мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои мамлакат солҳои пеш мардуми тоҷик пиёзро бо қисми болоияш, яъне зиёда аз чор пиёзро бо ҳам бофта овезон карда, захира менамуданд.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, кишти тирамоҳии пиёзро даҳаи дуюми моҳи сентябр мегузаронанд ва нешзадҳо охирҳои моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр пайдо шуда, то зимистон 8-10 см қад мекашанд. Чунин пиёз дар аввал ва миёнаҳои моҳи май, яъне се моҳ пас аз кишти аввали баҳор мерасад, ки онро пиёзи барвақтӣ меноманд. Барои гирифтани пиёзи сабзи тирамоҳӣ ва аввали баҳорӣ тухмиро моҳи август низ мекоранд. Кишти аввали баҳории пиёзро охири феврал-аввали март мегузаронанд. Ин давраи кишт дар ҷумҳурӣ васеъ паҳн гаштааст. Зеро сабзаҳои пиёз аз намии хок, ки аз тирамоҳ захира шудаанд ва намии аввали баҳор хеле хуб нашъунамо мекунанд.

Тавре олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, дар мавриди дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел кишт кардан ҳосили пиёз кам мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар заминҳои дер киштшуда растанӣ суст инкишоф меёбад. Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад.

Дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 фоиз моддаи хушк, то 7,8-11 фоиз қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст. Пиёзро ҳамчун хӯрокӣ барои тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки агар пиёзро бихӯранд, он гиреҳҳоро мекушояд ва иштиҳо ба таомро зиёд месозад. Хусусан агар онро бо гӯшти равғандор пухта бихӯранд, зарари ҳавои вабоӣ ва тоунро дафъ мекунад. Агар хоми онро бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Инчунин онро дар об муҳарро пухта, бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва оруғи туршро басанда месозад. Ё ки инро бо чарбу ва дунба пухта бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз ахлоти часпак пок мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 13, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост