ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июл, сешанбе, 182-юмин рӯзи соли 2025 аст

Июль 1, 2025 08:00

1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

14 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2010 хати барқи «Варзоб-Айнӣ», ки водии Зарафшонро бо барқи нисбатан арзон таъмин менамуд, ба истифода дода шуд.

***

1 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Шурои ҳамоҳангсозии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид.

***

11 сол пеш, 1 июли соли 2014 имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз ёфт ва  аввалин маротиба дар Тоҷикистон довталабон тавассути низоми тестӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ талош варзиданд. Дар ин рӯз дар 33 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1 имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон  9 ҳазору 526 довталаб иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия (Salini Impregilо) баргузор гардид.

***

1 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

1 июли соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду мамлакат  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

1 июли соли 2023 Бонки Авросиёии рушд дар давраи солҳои 2023-2026 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 650 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд. Ин тавофуқ дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси Бонки Авросиёии рушд Николай Подгузов ба даст омад.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ,  аз ҷумла Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

1 ИЮЛ:

Дар Чин – Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ

Июль 1, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш