ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 июл, душанбе, 195-умин рӯзи соли 2025 аст

14 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
17 сол қабл, 14 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар варзишгоҳи «Металлург» чемпионати дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии «Регар-ТадАЗ» бо клуби «Энергетик»- и Душанбе баргузор гардид.
***
14 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти вақтии Ҷумҳурии Фаронса Николя Саркози ба муносибати солгарди иди миллии ин кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.
***
14 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи «Норак», лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд.
***
14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо- вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.
***
14 июли соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду мамлакат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
***
Соли 2023 Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шурои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид.
14 ИЮЛ:
Дар Фаронса иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.