ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июл, ҷумъа, 199-умин рӯзи соли 2025 аст

Июль 18, 2025 08:00

18 июли соли 1997 Конференсияи таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро муҳокима намуданд.

***

18 июли соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти якчанд хоҷагии деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

***

18 июли соли 2022 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто»-и шаҳри Бохтар шакли хурди намоиши «Тоҷикистон–мамлакати дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардида, то 29 июл идома ёфт.

***

Соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шурои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

18 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела.

***

Дар Русия — Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ.

Июль 18, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш