ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июл, шанбе, 207-умин рӯзи соли 2025 аст

26 июли соли 1993 дар Озарбойҷон манати озарбойҷонӣ ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.
***
26 июли соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 аз тарафи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба имзо расонида шуд.
***
26 июли соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салим Шарипов дар Ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» ва ошхонаи миллии «Гули Сурх» мавриди истифода қарор дода шуд.
***
26 июли соли 2022 сокини 10-миллионаи Тоҷикистон ба хонае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа намуданд, ворид шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе маросими озмоиши Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор карда шуд. Иброз гардид, ки ин низоми иттилоотӣ фарогири аксари расмиёти тиҷорати хориҷӣ буда, барои коркарди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунандаи он, баҳисобгирӣ ва назорати расмиёти транзит, нигаҳдории муваққатии мол ва автоматикунонии дигар расмиёти гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.
26 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии забони ғайриодӣ – эсперанто.
***
Дар Русия — Рӯзи парашютчиён.