ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июл, якшанбе, 208-умин рӯзи соли 2025 аст

27 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуданд.
***
27 июли соли 2022 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бо дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҳамагирии COVID-19 16 ҳазору 400 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
***
27 июли соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чинро дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима намуданд.
***
27 июли соли 2022 масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Русия дар меҳвари мулоқоти собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қарор гирифт.
***
27 июли соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» иттилоъ дод, ки то соли 2040 беш аз 9 миллион нафар дар Англия бо бемориҳои ҷиддӣ, ба мисли деменсия (фаромӯшхотирӣ), диабет, саратон, афсурдаҳолӣ ва бемории музмини гурда зиндагӣ хоҳанд кард.
27 ИЮЛ:
Дар Беларус – Рӯзи кормандони бахши савдо.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Кароматулло Олимов —соли 1944 -ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон