ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, чоршанбе, 211-умин рӯзи соли 2025 аст

Июль 30, 2025 08:00

30 июли соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардиданд.

***

30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ карда шуд.

***

30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.

***

30 июли соли 2021   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

30 июли соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2022 ба Тоҷикистон тақрибан 370 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2021   238 ҳазор ё қариб 2,9 маротиба зиёд мебошад.

***

30 июли соли 2023 дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр бунёди калонтарин пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд.

30 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳабибулло Саидмуродов – соли 1933- олим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.

 

 

 

Июль 30, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш