Рустами Эмомалӣ: «Корҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ бояд тақвият дода шаванд»
ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 19 август зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт вобаста ба фаъолияти раёсати Агентӣ таъкид намуданд, ки яке аз вазифаҳои асосии мақомот пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон масъулинро даъват намуданд, ки корҳоро дар ин самт беш аз пеш тақвият бахшанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки мавзуи авҷ гирифтани дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки ба ҳаёт ва саломатӣ, инчунин ахлоқи маънавии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад, нигаронкунанда буда, пешгирии ин ҳолатҳо маҳз ба фаъолияти содиқонаи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои пешгирии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои тоза кардани сафи кормандони сохторҳо аз кадрҳои тасодуфӣ пайваста тадбир андешида шавад.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






