Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи ин санад ҳамкории илмию таълимии ин муассисаҳо тақвият дода шуда, омӯзгорону хонандагони литсей аз таҷриба ва дастовардҳои илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Кубан бархурдор мегарданд.
Ҷонибҳо барои қабул ва идома додани таҳсили хатмкунандагони литсей дар донишгоҳ дар доираи квотаҳои Федератсияи Русия, мубодилаи маводи таълимию методӣ, ташкили мактаби тобистона барои хонандагону омӯзгорони литсей, гузаронидани конфронсҳо, машваратҳо, форумҳои муштараки байналмилалӣ, ташкили санҷиши забон, таърих ва фарҳанги русӣ ва додани сертификати Федератсияи Русия барои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Русия ба шаҳрвандон ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






