Дар шароити тағйирёбии иқлим криосфераро аз таъсиррасонии гуногун бояд ҳифз намуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба Созмони Милали Муттаҳид якчанд ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо қатъномаҳои Маҷмаи Умумии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ қабул карда шуданд.
Ду иқдоми нав- «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи байналмилалии омӯзиши илмҳои криосферӣ, солҳои 2025-2034» бештар ба омӯзиши пиряхҳо ва ҷузъиёти дигари қишри криосфера равона гардидаанд. Бо назардошти таҳаввулоти иқлимие, ки минтақаи моро фаро гирифтааст, омӯзиши дақиқи криосфера ва сабабҳои обшавии босуръати пиряхҳо давоми даҳсолаҳои охир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Сабабҳои обшавии пиряхҳо гуногун буда, яке аз сабаби асосӣ гармшавии глобалии ҳарорат дар рӯи Замин мебошад. Дар баробари ин якчанд сабаби дигар низ ба ин раванд таъсир мегузорад.
Афзоиши истихроҷи сарватҳои табиӣ, ки рушд ва некуаҳволии ҷомеа бо он пайвастагии ногусастанӣ дорад, яке аз омилҳои таъсиррасон ба ин раванд дониста мешавад. Бинобар афзоиши талаботи иқтисодиёти ҷаҳон ба сарватҳои табиӣ, хусусан ашёи минералӣ ҳамасола ҳаҷми корҳои вобаста ба истифодаи қаъри замин зиёд гашта, таъсиррасонии техногенӣ ба муҳити зист тамоюли бештар касб менамояд.
Дар ҷумҳурии мо низ баъд аз Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳаҷми корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок афзоиш ёфта, шумораи зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок ба маротиб зиёд мешавад. Ин раванд дар мисоли зиёдшавии корхонаҳои истихроҷи ангишт ва истеҳсоли семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад. Дар айни замон истихроҷи ангиштсанг дар конҳои Шӯроб, Назарайлоқ, Кафтархона, Фон-Яғноб, Ғузн, Зиддӣ, Ҳакимӣ, Сайёд ва Даштиҷум бо усулҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми истихроҷи солонаи ангишсанг соли 2024 то ба 2 миллиону 300 ҳазор тонна расонида шудааст.
Истихроҷи ашёи минералӣ барои истеҳсоли семент дар атрофи шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ёвон ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат босуръат идома дорад. Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ соли 2024 ба 4 миллиону 300 ҳазор тонна баробар шуда, қисме аз он ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Албатта, дастовардҳои гуфташуда назаррас буда, аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин муваффақият барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии сокинони мамлакат заминаи хуб фароҳам меоварад. Зеро чунин лоиҳаҳо ба таъсис додани ҷойи нави кор ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мусоидат менамоянд. Вале набояд фаромӯш кард, ки риояи талаботи қоидаҳои бехатарии экологӣ ва андешидани тадбирҳо барои пешгирӣ ва кам кардани оқибати таъсири манфии корҳои истихроҷӣ ба табиат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар истифодабарандаи қаъри замин ба шумор меравад.
Дар аксари иншооте, ки гуфтем, истихроҷи ангишт ва маводи сементӣ бо усули рӯизаминӣ ё кушода иҷро карда мешавад, ки ин ба ҳолати муҳити зисти табиӣ, аз ҷумла ба пиряхҳо бетаъсир буда наметавонад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷи рӯизаминӣ бо истифода аз маводи тарканда ҳаҷми зиёди канданиҳои фоиданок ва ҷинсҳои кӯҳӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, бутунӣ ва устувории қитъаҳои алоҳида вайрон мегардад. Инчунин ба атмосфера чанг, оксидҳои карбон ва нитроген, ангидриди сулфат, карбогидридҳо ва дигар газҳои ғализ партофта мешаванд. Ин ҳама ба ифлосшавии кимиёвӣ ва воқеии муҳити зист, яъне ҳавои атмосфера, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, қитъаҳои алоҳидаи замин, нестшавии бошишгоҳҳои ҳайвонот ва растаниҳо оварда мерасонад.
Бо назардошти хусусияти таъсири ин корҳо ба табиат, гуногуншаклӣ ва бузургҳаҷмии онҳо ҳар истифодабарандаи қаъри замин барои эмин нигоҳ доштани муҳити зист аз оқибатҳои манфии ин корҳо бояд аз пайи таъсис додани шабакаи мушоҳидавии экологии босамари замонавӣ шавад. Барои ба даст овардани маълумоти инъикоскунандаи ҳолати воқеӣ дар мавзеъҳое, ки истихроҷи ангиштсанг ва маводи сементӣ ба роҳ монда шудаанд, бояд мушоҳидаҳои махсуси маҷмуӣ бо мақсади муайян намудани ифлосшавии ҳавои атмосфера, замин ва обҳои табиӣ гузаронида шаванд. То ин ки қитъаҳои бештар зарардида ошкор карда шуда, барои солимгардонии онҳо тадбирҳои мақсадноки саривақтӣ андешида шаванд.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ таъмини пурраи бехатарии экологӣ, мутаассифона, имконнопазир аст, яъне таъсис додани раванди бехатарии экологии мутлақ дар кони кандании фоиданок ғайриимкон аст. Вале ин набояд истифодабарандагони қаъри заминро водор намояд, ки аз уҳдадориҳои ба зимма доштаашон дар таъмини бехатарии экологӣ сарфи назар намоянд ва корро бояд тавре ба роҳ монанд, ки хатари паҳншавии партовҳои зараррасон ба муҳити зист аз байн бурда шавад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад бояд дар иншооти корӣ воситаҳои техникии санҷишии ҳолати муҳити зист насб карда шуда, санҷиши мунтазами ҳама гуна воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти иктишофи геологӣ ва истихроҷии кӯҳӣ гузаронида шавад. Инчунин таҷҳизоти муосир ва замонавӣ харида шуда, чорабиниҳое, ки барои ба даст овардани тавозун байни фаъолияти истеҳсолии корхона ва муҳити зист равона шудаанд, татбиқ карда шаванд.
Абдусалом МАҲМАДАЛИЕВ,
сарходими илмии озмоишгоҳи Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои геология ва минералогия
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон






