Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё — Уқёнуси Ором Сундиип Кумар дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.
Сундиип Кумар зимни тамошои толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллӣ бо таърих, фарҳанг ва мероси куҳанбунёди халқи тоҷик шинос шуд.
Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором ба анъанаҳои гулдӯзии Панҷакент, ки яке аз ҳадафҳои асосии сафараш ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Сундиип Кумар таҷрибаи беш аз 40-солаи роҳбарӣ дар соҳаҳои ҳунар ва дизайн, коммуникатсия, брендсозӣ ва идоракунии стратегиро соҳиб мебошад. Давоми фаъолияти касбӣ бо ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, мисли «Dalmia Bharat», «Novartis», «SABMiller» ва «Godfrey Phillips», инчунин бо агентии калони таблиғотии байналмилалӣ ҳамкорӣ намудааст.
Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором ҳамчун собиқ роҳбари «Craft Béton» ва аъзои дастаи «Craft Village», саҳмгузор дар соҳаи ҳунар, фарҳанг ва мерос дар ҳифз ва таблиғи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО нақши калидӣ мебозад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






