Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз давраҳои бостон донишмандон ва сиёсатмадорони хирадманд илмро чун воситаи рушд бахшидани тамоми соҳаҳои хоҷагии мардум ва омили осон намудани зиндагӣ истифода мебурданд. Дар тамоми давру замонҳо мақсад ва ҳадафи асосии онҳо бо истеҳсолот пайванд намудани дастовардҳои илмӣ мебошад, ки рӯзгор ва натиҷаи заҳматҳои олимони оламшумули мо дар қатори донишмандони ҷаҳон гувоҳи комили ин аст. Донишро гузаштагони соҳибмаърифати мо чароғи равшани дил ва ҷавшани устувори тан унвон намуда, китобхониву китобдорӣ ва пайваста дар ҷодаи донишомӯзӣ буданро нишони аслии инсони комил меҳисобиданд.
-Ин аст, ки миллати ботамаддуни моро ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳибилм, бофарҳанг ва миллати арҷгузор ба хирад аз қадим мешиносанд ва нисбат ба мо эҳтироми баланд доранд. Ин даъвои наҷибро олимони мо дар ҳамдастӣ бо миллатамон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо ба даст гирифтани зимоми илми ватаниву арзишҳои миллӣ собит намуданд. Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст. Ҳамагон медонанд, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми илму техника ва сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
Дар қатори дигар ташаббусҳои ҷаҳонии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин далели дар ин самти илм тавоно ва дорои иқтидори бузурги илмӣ будани давлати мо мебошад.
Вобаста ба ин рӯйдоди муҳими илмию таърихӣ раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мақолаи илмӣ зери унвони «Иқдоми стратегии Президенти Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле саривақтӣ аст» чунин ибрози назар намудаанд: «Миллати тоҷик давоми ҳазорсолаҳо на танҳо созанда, балки офарандаи арзишҳои умумибашарӣ, забону фарҳанг, илм ва тамаддун буд.
Аз шаҳристонҳои паҳновари Бохтару Суғд то мақоми ҷовидонаи Рӯдакию Ибни Сино, аз илмҳои табиию риёзии Беруниву Хоразмӣ то осори ирфониву фалсафии Мавлонову Носири Хусрав- ин миллати куҳанбунёд собит намудааст, ки неруи фикрӣ ва ахлоқияш қодир ба таъсиргузорӣ бар равандҳои ҷаҳонӣ аст. Имрӯз, дар замони нав, ки марзҳои илм ва технология рӯ ба барҳам хӯрдан доранд ва ҷаҳон дар чорроҳаи ахлоқӣ ва рақамӣ қарор мегирад, маҳз чунин миллатҳои решадор дар таърих метавонанд аз нав пешоҳанги тамаддуни инсоният гарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати таърихиро бо камоли виҷдон ва эҳсоси масъулияти миллӣ идома дода, Тоҷикистонро ба мамлакати ташаббускор ва таъсиргузор дар сиёсати байналмилалӣ табдил додаанд».
Бо назардошти аҳамияти ин масъала Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро давра ба давра баланд бардошта, бо амалӣ намудани барномаву стратегияҳои гуногун таҳкурсии ба таври васеъ истифода бурдани зеҳни сунъиро дар ташаккули иқтисодиёти миллӣ бунёд намуданд. Бо ин мақсад солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Ҳукумати Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуда, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд.
Инчунин барои ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шуд. Ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок намуда, ғолиб меоянд ва барои худ роҳи донишро ба донишгоҳҳое, ки илмҳои дақиқ, компютер ва нозукиҳои зеҳни сунъиро меомӯзонанд, ҳамвор менамоянд.
Ҳаминро илова намудан зарур аст, ки дар аксари донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои ҷумҳурӣ ихтисоси «зеҳни сунъӣ» таъсис дода шудааст. Устодони муассисаҳо ҳамасола дар давлатҳои гуногуни дунё барои ба таври васеъ азхуд кардани нозукиҳои зеҳни сунъӣ аз такмили ихтисос мегузаранд. Инчунин дар аксари мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои мамлакат марказҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ таъсис дода шудаанд, ки пурра бо технологияҳои ҳозиразамон таъмин мебошанд.
Ба таври маълум, ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин бо системаҳо омӯзонидани қобилияти «фикр кардан» ва «омӯхтан» аст. Аслан, зеҳни сунъӣ ба кам кардани истифодаи қувваи меҳнат тавассути технология оварда мерасонад. Яъне, меҳнат ҳамчун раванд бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад.
Ояндаи тамоми соҳаҳо ва рушди бонизоми онҳо дар замони муосир ба истифодаи зеҳни сунъӣ алоқаманд аст. Технологияҳои муосир дар оянда на танҳо самаранокии соҳаҳоро зиёд мекунанд, балки иқтидори ин ё он давлатро инъикос менамоянд. Дар ҷаҳони имрӯза зеҳни сунъӣ дар пешрафти таълим нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ояндаи илму маорифи ватаниро дар ташаккули зеҳни сунъӣ мебинанд ва таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо давлатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.
Аҳмадшо САИДЗОДА,
директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
АКС аз манбаъҳои боз








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






