ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст

13 августи соли 1937 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.
***
13 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.
***
13 августи соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ бо навтарин технологияи аврупоӣ ба истифода дода шуд.
***
13 августи соли 2013 дар шаҳри Норак Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасоне, ки аз падар ва модар ятим монда буданд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
***
13 августи соли 2020 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчукро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Соли 2020 дар Душанбе масоили ташкили низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.
***
13 августи соли 2022 бонки «Эсхата» аввалин шуда дар Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTP пешниҳод намуд, ки он дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъории Москва фароҳам меорад.
***
13 августи соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ дод, ки дар таърихи Замин моҳи июл чун моҳи аз ҳама гармтарин ба қайд гирифта шуд, ки дар таърихи мушоҳидаҳо то ҳол чунин ҳолат сабт нашуда буд.
13 АВГУСТ:
Дар Тунис – Рӯзи занон.
***
Рӯзи байналмилалии чапдастон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҷӯрабой Охунов – оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъат, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1963).