ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст

Август 17, 2025 08:00

17 августи соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1994 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

17 августи соли 2006 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

17 августи соли 2011 дар ситод-қароргоҳи Шурои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо-Пешвои асри XXI сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон- Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Тошканд Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Узбекистон «УзА» ба имзо расид.

***

17 августи соли 2020 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур дар ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ва «Дарси сулҳ» иштирок намуданд.

***

17 августи соли 2022 дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил баррасӣ гардид.

***

17 августи соли 2023 дар нахустин бозии дӯстона байни дастаҳои «Араз-Нахчивон» (Озарбойҷон) ва «Истиқлол» футзалбозони Тоҷикистон пирӯз шуданд.

17 АВГУСТ:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Габон – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Индонезия – Рӯзи истиқлол.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Темур Зулфиқоров-соли 1936— шоир, романнавис, воқеанигор ва намоишноманависи русзабони тоҷик, аъзои Иттиҳоди нависандагони Русия.

Август 17, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, душанбе, 251-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, якшанбе, 250-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст