ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст

Август 18, 2025 08:00

18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлатро баррасӣ намуданд.

***

18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа вазъият ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамон ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир намуданд.

***

18 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Самарқанд рафта, бо мавзеъҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри қадимӣ шинос шуданд.

***

18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

7 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2018 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон зимни баргузории брифинг иттилоъ дод, ки дар Узбекистон мисли Тоҷикистон сару либоси ягонаи мактабӣ татбиқ гардид.

***

18 августи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

***

18 августи соли 2022 дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил баргузор гардиданд.

***

18 августи соли 2023 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб дар 10 гектар Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ифтитоҳ гардид.

18 АВГУСТ:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.

***

Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.

***

Дар Австралия— Рӯзи собиқадорони Ветнам.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Назри Яздонӣ -1949- шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988), Шоири халқии Тоҷикистон (2014).

Август 18, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, ҷумъа, 220-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, панҷшанбе, 219-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, чоршанбе, 218-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, якшанбе, 215-умин рӯзи соли 2025 аст