ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, сешанбе, 231-умин рӯзи соли 2025 аст

Август 19, 2025 08:00

19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.

***

19 августи соли 2011 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супориданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.

***

19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шурои ҷаҳонии об Бенедитто Брага аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шурои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи  китоби Ҳиндустон оғоз гардид.

***

19 августи соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд. Таъкид гардид, ки қариб панҷ сол аст Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар давлатҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.

***

19 августи соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сазовор таҷлил намудани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим бинои замонавии Нозироти андози ноҳия ифтитоҳ гардид.

19 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии акс.

***

Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Саидалӣ Гулов, соли 1954 — доктори илмҳои биология (1998), профессор (2001), дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2014), аъзои пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2014). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011).

Август 19, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, ҷумъа, 220-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, панҷшанбе, 219-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, чоршанбе, 218-умин рӯзи соли 2025 аст