ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст

20 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.
***
12 сол қабл, 20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «60 — солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонида шуданд.
***
20 августи соли 2013 дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд.
***
20 августи соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи Шурои байнидавлатӣ оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ оғоз гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шудан табрику таҳният гуфтанд.
***
20 августи соли 2020 сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид.
***
20 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ҳамин рӯзи соли 2021 Чин ва Тоҷикистон дар дараи Ромит силоҳи навтаринро озмуданд.
***
20 августи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд.
20 АВГУСТ:
Дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият.
***
Рӯзи байналмилалии танбалӣ.