ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст

Август 22, 2025 08:00

22 августи соли 2001 дар Пекин Бозиҳои 21-уми байналмилалӣ байни донишҷӯён баргузор гардиданд.

***

22 августи соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъсис дода шуд.

***

22 августи соли 2011 байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» шинос шуданд.

***

22 августи соли 2020 пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

***

22 августи соли 2022 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, аъзои Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

22 августи соли 2023 мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, аъзои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Со Бёнсу баргузор гардид. Зимни мулоқот доираи васеи масоили марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.

22 АВГУСТ:

Дар Русия –Рӯзи Парчами миллӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдусаттор Нуралиев, соли 1941 — адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1998), профессор (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976). Корманди фахрии мактабҳои олии касбии Федератсияи Русия (2011).

Август 22, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, сешанбе, 231-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст