ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст

Август 23, 2025 08:00

23 августи соли 2001 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ -ордени Президенти Туркманистон- Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонида шуданд.

***

23 августи соли  2012 Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада ба имзо расид.

***

23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

***

23 августи соли 2022 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир гардид. Дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазам ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

***

23 августи соли 2023 Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030   такмил дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро ба имзо расониданд.

23 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони омори давлатӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Парда Ҳабиб, соли 1962— рӯзноманигор, шоир, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008), дорандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2009), медали «Хизмати шоиста» (2014), Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон.

Август 23, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, сешанбе, 231-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст