ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, якшанбе, 215-умин рӯзи соли 2025 аст

Август 3, 2025 08:00

3 августи соли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими анҷоми бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тарҳи навашро бо забони арабӣ фаъол намуд. Дар айни замон тарҳи мазкур ба монанди тарҳҳои сомона ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ бо назардошти сохти навтарини сомонасозӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.

***

3 августи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

***

3 августи соли 2021 дар шаҳри Ҳисор Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои шуъбаи назорати метеорологии Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дод.

***

3 августи соли 2022 дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври 5-уми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон бар дастаи Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.

***

3 августи соли 2023 дар доираи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз шарикони рушди швейтсариягӣ ду стансияи инноватсионии муосир — Campbell Science CR1000X ва Campbell Science CR6-ро, ки барои омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос доранд, дастрас намуд.

3 АВГУСТ:

Рӯзи роҳиоҳанчӣ.

***

Рӯзи тарбуз.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Алимуҳаммад Муродӣ-соли 1945— Шоири халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Август 3, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш