26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он низоми ҳуқуқии мамлакатро дар асоси манфиатҳои миллӣ ташаккул медиҳад

Сентябрь 26, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд.

Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия доир мешавад.

Бо ин муносибат имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паёми табрикотӣ иброз намудаанд, ки “ин сана дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳиму рахшон ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ низоми дупалатагии парламентӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд, ки то имрӯз фаъолияти устувору пурсамар дорад”.

«Маҷлиси Олӣ дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ташаккул дода, пояи устувори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро барқарор созад», -изҳор доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Инчунин иброз гардид, ки Парламенти мамлакат бо такя ба таҷрибаву роҳҳои таърихии қонунгузории миллӣ ва бо назардошти ниёзҳои ҷомеаи имрӯза қонунҳои муҳим ва муосир қабул менамояд, ки дар раванди таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванду рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ доранд.

Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулияти баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат талош варзида, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми намоён мегузоранд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад