Ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо Мавсума Муинӣ ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд. Дар ҷаласа ҳайати Парламенти Иттиҳоди Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон бо роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчи иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни ҷаласа иброз гардид, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳимми байналмилалӣ дониста, нақши онро барои мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳим меҳисобад.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки муҳокимарониҳо далели равшани рушди босубот ва мутақобили судманди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Аз ин бармеояд, ки ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду ҷониб сол то сол таҳким ёфта, воқеан ба манфиати мардумон равона гардидаанд.
Шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои равшан буда, дар асоси манфиатҳои муштарак ва ҳадафҳои созанда дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад шуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Пас аз анҷоми ҷаласа ҳайати меҳмонон бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати меҳмонон дар Тоҷикистон то 18 сентябр идома ёфта, онҳо мавзеъҳои дилнишини мамлакат ва Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тамошо менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






