Ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд

Сентябрь 16, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо Мавсума Муинӣ ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд. Дар ҷаласа ҳайати Парламенти Иттиҳоди Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон бо роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчи иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни ҷаласа иброз гардид, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳимми байналмилалӣ дониста, нақши онро барои мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳим меҳисобад.

Иштирокчиён изҳор доштанд, ки муҳокимарониҳо далели равшани рушди босубот ва мутақобили судманди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Аз ин бармеояд, ки ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду ҷониб сол то сол таҳким ёфта, воқеан ба манфиати мардумон равона гардидаанд.

Шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои равшан буда, дар асоси манфиатҳои муштарак ва ҳадафҳои созанда дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад шуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Пас аз анҷоми ҷаласа ҳайати меҳмонон бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати меҳмонон дар Тоҷикистон то 18 сентябр идома ёфта, онҳо мавзеъҳои дилнишини мамлакат ва Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тамошо менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид