Дар Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид

Сентябрь 6, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 2000 МВт афзоиш  ёфта, ин дастоварди беназир барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Ин нукта зимни ҷамъомади тантанавӣ дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ   директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода доир ба аҳамияти ин санаи тақдирсоз, хизматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва тақкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ рамзи шарафу озодӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик мебошад. Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастовард буда, бо талошу ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони бисёр ҳассосу сарнавиштсоз пояҳои Истиқлоли давлатӣ ҳифз гардида, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат таъмин гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат соҳаи энергетика низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ҳозирин даъват шуданд, ки ҳамчун фарзандони ватандӯст дар рушду шукуфоии Тоҷикистон саҳми муносиб гузошта, пояҳои истиқлолу озодиро тақвият бахшанд ва арзишҳои миллиро гиромӣ доранд.

Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба муҳтаво, арзишҳои сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ ва хизматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандони Агентии назорати давлатии энергетикӣ барои меҳнати софдилона, содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи энергетика, иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ дар самти назорати давлатии энергетикӣ ва бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Агентӣ ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

 АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд