Дар Душанбе Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад

Сентябрь 25, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи нақшаи  чорабинӣ, дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ-амалӣ, маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ дар назар аст.

Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он  дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр навиштаҷоте, ки бузургию шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб  карда мешаванд.

Ҳамзамон тамоми муассисаю ташкилоти зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон  маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Забони тоҷикӣ давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат барои пойдорӣ ва рушди устувори он пайваста тадбир меандешад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.

Аз ҷумла, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҷумлаи муқаддасоти миллӣ дохил шудааст.

Дар моддаи дуюми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳама миллатҳо ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода баранд.

Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, ки тоҷикон аз қадимулайём дар он минтақаҳо зиндагонӣ менамуданд. Аммо дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксар сокинони ин мамлакат буда, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ дар даҳ соли оянда таъмин менамояд

Барнома маҷмуи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо, соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ хизмат намоем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд