Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе беш аз 200 ширкати хизматрасони соҳа иштирок дорад

Сентябрь 18, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар «Dushanbe EXPO Centre» — Маркази намоишгоҳи шаҳри Душанбе дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)» оғоз гардид.

Зимни ифтитоҳи он роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва зиёда аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар DITE-2025 зиёда аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ иштирок доранд. Ширкатҳои хориҷӣ асосан аз Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Марокаш мебошанд.

Ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ имконияту хизматрасонии худро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муаррифӣ мекунанд.

Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ низ пешбинӣ гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» («Dushanbe International Tourism Exhibition» (DITE) бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 то 27 сентябри соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ ва тадорукотӣ баргузор карда шуд. Дар он 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳри давлатҳои хориҷӣ ва 90 ширкати ватанӣ иштирок карда, маҳсулот ва химатрасонияшонро муаррифӣ намуда буданд.

Намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст