Дар Женева 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Сентябрь 22, 2025 10:36

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Женева 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Женева, намояндагони бахши хусусӣ, матбуот ва ҳамватанони муқими Швейтсария иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева  Шараф Шерализода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳаммияти истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои назарраси мамлакат дар даврони Истиқлолият ҷалб намуда, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид намуд.

Ҳамзамон дурнамо ва ҳамкории судманди фарогир байни Тоҷикистону созмонҳои байналмилалӣ ва Конфедератсияи Швейтсария иброз гардид.

Ҳамчунин дар ҳамоиш китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои мамлакат, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла  асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Сентябрь 22, 2025 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд