ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ муқаррар шудааст. Ин сана, ки аз соли 2016 ба тақвими расмии идҳои давлатӣ ворид шудааст, на танҳо рамзи қадрдонӣ аз заҳмати аҳли дипломатия, балки ёдоварии як воқеаи таърихӣ низ мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо суханронии таърихӣ баромад намуданд. Ин рӯйдод оғози марҳилаи навини сиёсати хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон гардид ва Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақил ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
— Аҳамияти он суханронӣ аз чаҳорчӯбаи расмӣ ва дипломатӣ берун меравад. Дар замоне ки мамлакат аз мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ, буҳронҳои иҷтимоӣ ва номуайянии сиёсӣ ранҷ мебурд, Пешвои миллат тавонистанд бо диди васеъ ва сиёсатмадории хирадмандона стратегияи бунёдии ҳамкориро бо ҷаҳон баён намоянд. Нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои нек, ки дар минбари Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иродаи мардуми тоҷикро барои сулҳ, ҳамкорӣ ва пешрафт ошкор сохтанд. Аз ҳамин сабаб 29 сентябр на танҳо барои кормандони дипломатӣ, балки барои тамоми миллат аҳамияти таърихӣ дорад.
Имрӯз, пас аз зиёда аз се даҳсола, таҷрибаи дипломатияи тоҷик ба мактаби махсуси сиёсати хориҷӣ табдил ёфтааст. Таърихи навини муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳар марҳилаи рушд- аз лаҳзаи аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ то замони ҳозира дипломатия воситаи муҳимтарини ҳифзи давлатдорӣ, таҳкими сулҳ ва муаррифии манфиатҳои миллӣ будааст. Аз ин лиҳоз Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ имкон медиҳад, ки мо дастовардҳои сиёсати хориҷиро ҳам аз ҷиҳати рамзию назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ таҳлилу баррасӣ намоем.
Поягузории дипломатияи миллӣ (солҳои 1991-1997)
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1991 ба даст омад, барои миллати тоҷик оғози марҳилаи сарнавиштсоз буд. Аммо ин марҳила бо мушкилоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои аввали истиқлолият мамлакатро фаро гирифт, на танҳо ба суботи дохилӣ таҳдид мекард, балки мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро низ зери суол монда буд. Дар чунин шароит ташаккули сиёсати хориҷӣ ва поягузории дипломатияи миллӣ вазифаи осон набуд, балки он тақдирсоз ва ҳаётан муҳим буд.
Дар ҳамин замина суханронии таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти беназир пайдо намуд. Ин суханронӣ Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ карда, паёми возеҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ирсол дошт: мардуми тоҷик бо вуҷуди мушкилот ва ноамниҳо мехоҳанд бо ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, роҳи сулҳу ҳамзистиро пеш гиранд. Суханронӣ барои ташаккули симои байналмилалии Тоҷикистон замина гузошт ва эътимоди давлатҳои ҷаҳонро нисбат ба давлати тозаистиқлол тақвият бахшид.
Дар солҳои 1991–1997 ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҷалби эътирофи байналмилалӣ буд. Дар ин замон Ҷумҳурии Тоҷикистон расман бо бисёр давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор кард. Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчун ниҳоди марказии сиёсати хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуд ва нахустин сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ифтитоҳ гардиданд.
Бояд таъкид кард, ки дипломатҳои тоҷик дар шароити душвор на танҳо вазифаи муаррифии Тоҷикистонро бар дӯш доштанд, балки ҳамчун кафили манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ амал мекарданд. Онҳо бояд ҷомеаи ҷаҳониро қонеъ месохтанд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди нооромиҳои дохилӣ давлати масъул ва омода ба ҳамкорӣ мебошад.
Нақши Пешвои миллат дар ин марҳила ҳалкунанда буд. Бо сиёсати сулҳҷӯёна ва дипломатияи фаъол ҳамзамон ду вазифаи муҳим иҷро гардид:
- Муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ;
- Омода кардани заминаҳои сиёсии дохилӣ барои ба даст овардани сулҳи миллӣ.
Солҳои аввали истиқлолият ба марҳилаи «дипломатияи эътироф ва эътимод» табдил ёфт. Тоҷикистон ба ҳайси аъзои комилҳуқуқ ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ҳамроҳ шуд. Ин қадамҳо барои таъмини қонуният ва мавқеи давлат дар низоми байналмилалӣ зарур буданд.
Аз ин рӯ солҳои 1991-1997 давраи поягузории дипломатияи миллии тоҷикон ба шумор мераванд. Гарчанде вазъият пур аз мушкилот буд, аммо маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсати хориҷии Тоҷикистон гузошта шуда, минбаъд барои таҳкими сулҳу субот хизмат намуданд.
Дипломатия дар замони сулҳу субот (солҳои 1997-2005)
Соли 1997 барои таърихи нави Тоҷикистон марҳилаи тақдирсоз буд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо поёни ҷанги дохилиро эълон кард, балки оғози давраи нави сиёсӣ ва дипломатиро низ фароҳам овард. Маҳз дар ҳамин замон дипломатияи тоҷикон вазифаи калидӣ – мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, бозсозии симои байналмилалӣ ва ҷалби пуштибонии ҷомеаи ҷаҳониро ба дӯш гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ нақши асосиро дар татбиқи созишнома ва барқарорсозии ҳамкории байналмилалӣ иҷро намуданд. Сулҳи бадастомада на танҳо натиҷаи гуфтушунидҳои дохилӣ буд, балки ба таври фаъол аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дӯст пуштибонӣ ёфт. Дипломатияи тоҷикон тавонист бо роҳи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба он бовар кунонад, ки сулҳ дар Тоҷикистон воқеияти устувор буда, ба рушди минбаъдаи мамлакат замина мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 зимни татбиқи муносибатҳои байналмилалӣ дар сиёсати хориҷӣ «сиёсати дарҳои боз»-ро эълон медорад.
Дар давраи солҳои 1997-2005 сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳадафҳои зеринро пайгирӣ мекард:
- Тақвияти эътибори байналмилалӣ. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ барқарор кардани имиҷи мусбати Тоҷикистон вазифаи муҳим ба ҳисоб мерафт. Сафорат ва намояндагиҳои дипломатӣ фаъол гардида, мамлакат бо шумораи зиёди давлатҳо робитаҳои расмӣ барқарор намуд.
- Ҷалби сармояи байналмилалӣ. Дипломатия барои бозсозии иқтисодиёт ва инфрасохтор нақши калидӣ бозид. Бо талоши дипломатҳо Тоҷикистон дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар сохторҳои байналмилалиро ба даст овард.
- Иштирок дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ. Тоҷикистон дар иттиҳодҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла иттиҳодҳо дар доираи Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), Панҷгонаи Шанхай ва баъдан Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) нақши калидӣ бозид. Ин узвият ба таҳкими амният ва ҳамкории иқтисодӣ мусоидат намуд.
Бояд таъкид кард, ки дипломатияи тоҷик дар ин давра тавонист симои сулҳпарваронаи мамлакатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанг гузашта, ки сулҳро тавассути гуфтушуниди миллӣ ба даст овард, барои бисёр кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат гардид. Суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои байналмилалӣ аз сулҳ ва ҳамзистии осоишта шоҳиди равшани ин раванд буданд.
Аз ин лиҳоз дипломатияи давраи мазкур ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ низ диққати махсус дод. Бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон дар марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Муттахид, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, мамлакат ба актори муҳими мубориза бо хатарҳои амниятӣ табдил ёфт. Ҳамкории дипломатии Тоҷикистон бо ҳамсоягон ва созмонҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз таҳдидҳои терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши ҳалкунанда бозид.
Аз ин рӯ солҳои 1997-2005-ро метавон давраи «дипломатияи сулҳу субот» номид. Дар ин марҳила, сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз марҳилаи эътирофу эътимод (солҳои аввали истиқлол) ба марҳилаи таҳким ва бозсозӣ гузашт. Сулҳи миллӣ ҳамчун дастоварди асосӣ ба воситаи дипломатия ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид ва Тоҷикистон қадам ба қадам мавқеи худро дар низоми байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Давраи нави ташаккули сиёсати хориҷӣ: устуворсозӣ ва густариши муносибатҳо (солҳои 2005–2010)
Дар оғози ҳазорсолаи нав Тоҷикистон марҳилаи сифатан дигарро дар сиёсати хориҷӣ оғоз намуд. Ин давраро метавон марҳилаи устуворсозӣ ва густариши муносибатҳо номид, зеро давлати мо баъди марҳилаи барқарорсозӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ба сатҳи нави ҳамкорӣ баромад.
Нахуст, Тоҷикистон тавонист бо аксар кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва ҳамкории созанда барқарор намояд. Дар ин давра иштироки фаъол дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилот густариш ёфт.
Дуюм, маҳз дар ҳамин давра ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти стратегӣ касб намуданд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва дигар иқдоми таърихӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Ин ташаббусҳо нишон доданд, ки Тоҷикистон, сарфи назар аз имконияти маҳдуди иқтисодӣ дар масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз ҷумла об ва амнияти экологии сайёра нақши созанда ва пешбаранда мебозад.
Сеюм, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти таъмини амният низ тақвият ёфт. Иштирок дар ҳамкории минтақавӣ барои муқовимат бо хатарҳои терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хос пайдо намуд. Тоҷикистон ба унвони мамлакати дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дар муборизаи байналмилалӣ бар зидди таҳдидҳои муосир саҳм гузошт ва мақоми худро дар ҳамкории амниятӣ устувор сохт.
Чорум, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоя низ ба марҳилаи нав ворид шуд. Созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ бо шарикони стратегии хориҷӣ имзо гардиданд, ки заминаи рушди минбаъдаи иқтисод ва бахусус соҳаи энергетика, инфрасохтор ва нақлиётро фароҳам оварданд.
Дар маҷмуъ, солҳои 2000-2010 давраи таҳкими «шинохти байналмилалӣ»-и Тоҷикистон гардиданд. Тоҷикистон аз мамлакати тозаистиқлол ба субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт, ки дар масъалаҳои об, амният ва ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод шинохта мешавад.
Дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон: доктрина ва самтҳои асосӣ (солҳои 2010-2020)
Аслан, аз рӯзҳои аввали интихоб гардидан ва ба идораи давлат пардохтан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатияи мутавозин ва сиёсати хориҷии дурбинона заминаи бунёдӣ гузоштанд. Номгузорӣ ба марҳилабандии рушди дипломатияи муосири тоҷик дар ин мақола шартӣ буда, дар ҳар давраи ташаккули он нақш ва саҳми Пешвои миллат муассир аст.
Даҳаи солҳои 2010-2020 яке аз давраҳои муҳим ва муайянкунанда дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин давра давлати мо зина ба зина ба сатҳи нави эътироф ва нуфузи байналмилалӣ расид, ки асосан бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат амалӣ гардид.
Мукаммалшавии асосҳои назариявӣ ва эълони «доктринаи Эмомалӣ Раҳмон». Маҳз дар ҳамин давра зарур донистем, ки иқдому қарорҳои Пешвои миллатро ҳамчун асоси сиёсати хориҷӣ дар шакли назариявӣ ва амалии мукаммал арзёбӣ кунем. Моро зарур аст иқдому қарорҳо, ибтикору ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти сиёсати хориҷӣ ҳамчун «доктринаи Эмомалӣ Раҳмон» эълом дорем. Инро метавон чунин асоснок намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва бар асоси принсипҳои бунёдӣ ва авлавияти мукаммали сиёсати хориҷӣ имрӯз ба дастовардҳои бузургу назаррас дар ин соҳа ноил гардидааст. Аз ҷумла, пазируфта шудани ташаббусҳои глобалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели возеҳи ин дастовардҳо ба ҳисоб меравад.
Ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об ва рушди устувор. Тоҷикистон ба муҳаррики иқдоми байналмилалӣ дар бахши манобеи обӣ мубаддал гардид. Дар ҳамин давра Тоҷикистон бо пешниҳоди якчанд ташаббуси дигар низ саҳми таърихӣ гузошт.
Аз ҷумла, ташаббусҳои эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».
Тақвияти сиёсати амниятӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони стратегии байналмилалӣ. Дар шароити авҷ гирифтани хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда гузошт. Муносибатҳои ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ густариш ёфтанд.
Густариши иқтисод ва дипломатияи энергетикӣ. Бо роҳнамоии Пешвои миллат Тоҷикистон «дипломатияи энергетикӣ»-ро фаъолона пеш гирифт. Ин раванд ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барки обии «Роғун» ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи барқ мусоидат намуд.
Арзишҳои миллӣ ва нақши дипломатияи фарҳангӣ. Дар паҳлуи сиёсати классикии дипломатӣ Тоҷикистон бо ташаббусҳо дар соҳаи фарҳанг, илм ва тамаддун низ баромад кард. Ин иқдом ба таҳкими ҳувияти миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд.
Солҳои 2010-2020 давраи мукаммалшавии дипломатияи миллӣ ва гузаштан ба сатҳи стратегӣ буд. Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар масъалаҳои глобалӣ, бахусус захираҳои об ва амният ҷойгоҳи арзандаи худро дар низоми байналмилалӣ пайдо намуд. «Доктринаи Эмомалӣ Раҳмон» дар ин марҳила ҳамчун пояи назариявию амалии сиёсати хориҷии мамлакат ташаккул ёфта, заминаи густариши минбаъдаи дипломатияро фароҳам овард.
Нақши Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва самтҳои авлавиятноки оянда (давраи аз соли 2020 то ҳол)
Давраи солҳои 2020 то имрӯз барои Тоҷикистон давраи нави густариши сиёсати хориҷӣ ва таҳкими дипломатия дар заминаи хавфу хатарҳои нави ҷаҳонӣ, ҳамчунин имконияти тозаи рушди устувор мебошад.
Тағйироти глобалӣ ва мутобиқшавии сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Бо сар задани сирояти фарогири COVID-19 ва пайомадҳои он Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат фаъолияти дипломатии худро ба ҳифзи саломатии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории иқтисодӣ мутобиқ намуд. Дар баробари ин ҳамкории байналмилалӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, кишварҳои дӯсту ҳамсоя ва шарикони рушд густариш ёфт.
Авлавияти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Дар марҳилаи нав Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар асоси чанд самти калидӣ ба роҳ мемонад:
- Самти амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ. Тоҷикистон ба ҳайси давлати дорои сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон яке аз сутунҳои амнияти минтақавӣ мебошад. Сафарбаркунии иқдом дар доираи СААД ва СҲШ собит менамояд, ки давлати мо ҳамчун шарики боэътимод дар таъмини амният шинохта шудааст.
- Самти захираҳои об ва амнияти энергетикӣ. Пешвои миллат идомаи ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обро ба уҳда гирифта, Тоҷикистонро ҳамчун маркази иқдоми ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об муаррифӣ намуданд. Лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла «Роғун» аҳамияти стратегии минтақавӣ пайдо карданд.
- Самти рушди устувор ва ҳадафҳои байналмилалӣ. Тоҷикистон сиёсати хориҷиро бо Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ҳамоҳанг намуда, саҳми худро дар масоили тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ ба ҷаҳониён пешниҳод кардааст.
Густариши дипломатияи иқтисодӣ. Пас аз соли 2020 Тоҷикистон ба рушди иқтисод тавассути дипломатияи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ аҳамияти бештар дод. Созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо Чин, Русия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик ба ҷалби сармоя ва рушди инфрасохторӣ мусоидат намуданд. Дар баробари ин густариши дипломатияи иқтисодӣ тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ аҳамияти вижа дорад. Дар навбати худ чунин ҳолат ба вусъат гирифтани имконияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат мекунад.
Ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, зеҳни сунъӣ ва ғ. Метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба маркази ташаббусҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Марҳилаи нав ба ташкил ва гузаронидани силсилаи конфронсҳои сатҳи баланд таҳти унвони «Раванди оби Душанбе» замина гузошт. Аз ҷумла, конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (7 июни соли 2022, ш. Душанбе), конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» (18-19 октябри 2022, ш. Душанбе), конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, ш. Душанбе). Қобили тазаккур аст, ки ин чорабиниҳои сатҳи баланд дар робита бо масоили об ба платформаи муҳим барои баррасии масъалаҳои глобалии об табдил ёфта, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори пешсаф дар дипломатияи об боз ҳам тақвият бахшид.
Иқдоми навбатии Тоҷикистон ба ҳифзи криосфера равона гардид. Бо ибтикори мамлакат Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул кард, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март – «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон карда шуданд. Дар ин робита 30 майи соли 2025 нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Илова бар ин, бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ» қабул гардид. Дар доираи ин ташаббусҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (сентябри 2025, Ню-Йорк) зарурати ҳамгироии ҷаҳониро дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим таъкид намуда, бо ишора ба воқеияти осебпазирии кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ зарурати афзоиши маблағгузорӣ барои рушди устувор ва баррасии масъалаи соқит намудани қарзҳои кишварҳои осебпазирро матраҳ намуданд.
Тоҷикистон бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон ташаббусҳои навро барои дастгирӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод намуда, пурра ҷонибдори ташаббусҳои нави глобалӣ мебошад. Аз ҷумла, ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» (25 июли соли 2025 қабул шудааст) ва дар ин замина пешниҳоди таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббуси умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид «Огоҳкунии бармаҳал барои ҳама», пешниҳоди эълони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқ», пешниҳоди қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ҷонибдории Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси «Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80», «Созмони Милали Муттаҳид-2.0» ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милали Муттаҳид.
Ҳамзамон Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, мамлакат ташаббуси «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм»-ро пешбарӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдор дар тақвияти муқовимат ба хатарҳои амниятӣ таъкид кардааст.
Ба ин васила Тоҷикистон на танҳо ташаббусҳои глобалии марбут ба об ва рушди устуворро пеш мебарад, балки дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии иқлим, амният, технологияи рақамӣ ва сулҳи пойдор низ нақши фаъол ва ташаббускорона мебозад.
Дипломатияи фарҳангӣ ва муаррифии маданияти бостонӣ. Тоҷикистон тавассути баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла форумҳои обу пирях дар Душанбе мамлакатро ҳамчун макони муколамаи тамаддунҳо муаррифӣ намуд. Ташрифи роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, дигар меҳмонони сатҳи олӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши давлатро дар низоми сиёсии байналмилалӣ тақвият доданд.
Идома додани дипломатияи фарҳангӣ ва илмӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои мероси тамаддунии ғанӣ муаррифӣ гардад. Дар ин давра якчанд мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, аз қабили Хутали қадим, Боғи ботаникии Помир, мамнуъгоҳҳои Бешаи палангон ва биосфераи Ромит, долонҳои Зарафшон-Қарақорум ва Фарғона-Сирдарё, Шашамақом, Фалак, Чакан ва чанде дигар ҳамчун мероси гаронбаҳои моддиву ғайримодии ҷаҳонӣ ба феҳристи ЮНЕСКО дохил гардид. Бо ибтикори Тоҷикистон бузургдошти Ҷалолиддин Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор шуда, илму фарҳанги тоҷик бори дигар назари ҷаҳониёнро тасхир кард.
Дар замони муосир (давраи аз соли 2020 то ҳол), Тоҷикистон дипломатияи худро дар сатҳи нав ташаккул дод. Давлати мо ҳамчун шарики боэътимод дар масъалаҳои амният, ташаббускори глобалӣ дар масъалаи об ва ҳимоягари арзишҳои рушди устувор эътироф шудааст. Ҳадафҳои стратегӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон қадам ба қадам ба яке аз марказҳои муҳим дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил меёбад.
Саҳми кормандони дипломатӣ дар амният ва рушд. Дипломатияи муосири Тоҷикистон на танҳо сохтори расмии сиёсати хориҷӣ, балки яке аз унсурҳои асосии таъмини амният, рушди устувор ва тақвияти нуфузи байналмилалӣ мебошад. Дар тамоми марҳилаҳои муҳим аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлол то имрӯз саҳми бевоситаи кормандони дипломатӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас аст.
Кормандони дипломатӣ дар баробари мақомоти низомӣ ва амниятӣ яке аз сутунҳои асосии амнияти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳузур ва фаъолияти онҳо дар марказҳои муҳими сиёсии ҷаҳон, яъне Москва, Пекин, Брюссел, Вашингтон, Ню-Йорк ва дигар пойтахтҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир ба таври муассир ҳимоя кунад. Ҳамоҳангсозии иқдом дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо натиҷаи фаъолияти пайгиронаи дипломатҳо мебошад.
Бо шарофати корномаи дипломатҳо Тоҷикистон тавонист бо кишварҳои пешрафта ва созмонҳои байналмилалӣ садҳо созишномаи иқтисодию тиҷоратӣ ба имзо расонад. Ин муомилот на танҳо сармоя ва технологияҳои муосир ворид намуд, балки дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» нақши калидӣ бозид.
Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат доир ба масъалаҳои об, ки дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд, маҳз тавассути талоши дипломатҳо ба низоми байналмилалӣ ворид ва татбиқ гардиданд. Дипломатҳои тоҷик дар муколама ва музокирот нақши миёнарав ва ташвиқкунанда доранд, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистонро дастгирӣ намояд.
Дар паҳлуи масоили амниятӣ ва иқтисодӣ кормандони дипломатӣ барои муаррифии фарҳанг ва ҳувияти миллӣ саҳми назаррас мегузоранд. Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, намоишгоҳҳои китобу санъат ва муаррифии мероси миллӣ имконият фароҳам овард, ки ҷаҳон Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун мамлакати сиёсатманд, балки ҳамчун маркази тамаддуни қадимӣ ва муосир шиносад.
Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба тайёр кардани кадрҳои нав дар соҳаи дипломатия зиёд шудааст. Донишгоҳҳои миллӣ ва хориҷӣ, инчунин марказҳои таҳқиқотии вобаста ба дипломатия насли нави мутахассис омода мекунанд. Ин раванд кафолат медиҳад, ки таҷрибаи гузашта бо донишҳои муосир пайваст шуда, ояндаи дипломатияи Тоҷикистон таъмин гардад.
Кормандони дипломатӣ ҳамчун намояндагони расмии давлат дар хориҷ на танҳо сиёсати хориҷиро амалӣ месозанд, балки онҳо кафолати амнияти миллӣ, рушди устувор ва муаррифии арзишҳои миллиро таъмин мекунанд. Фаъолияти онҳо бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегӣ мувофиқ гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибнуфуз муаррифӣ менамояд.
Дипломатияи Тоҷикистон – оинаи сиёсати хирадмандона, таҷрибаи миллӣ ва саҳми кормандони дипломатӣ бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки он на танҳо давлати тоҷиконро муаррифӣ ва манфиатҳои онро ҳифз мекунад, балки барои пешрафти устувор, сулҳу суботи пойдор, ҳамгироӣ дар минтақа ва ҷаҳон замина фароҳам меорад.
Фаридун БОБОЗОДА,
номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаридун ЮСУФҶОНОВ,
номзади илмҳои сиёсӣ, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон