Файзалӣ Идизода бо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу вохӯрӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо густариши робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 70 парлумони кишварҳои олам ҳамкорӣ дошта, дар ин замина ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо ҳамсояи наздиктаринамон — Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Таъкид гардид, ки табодули таҷрибаи байнипарлумонӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкиму тавсеа додани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ имкон фароҳам меорад, ки муваффақияти бештар ба даст оварда шавад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






