Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Беларус- шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод.
Мулоқот чун анъана дар ду шакл: маҳдуд ва васеъ мегузарад.
Ба рӯзномаи ҷаласа 15 масъала дохил карда шудааст. Инҳо ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника, хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал, технологияҳои рақамӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ мебошанд.
Ҳамчунин ба сарони ҳукуматҳо пешниҳод карда мешавад, ки лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва татбиқи Соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 тасдиқ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар уҳда дорад. Дар назар аст, ки нимаи аввали моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонӣ








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд






