Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар шаҳри Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бонкро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён номиданд.
Таъкид гардид, ки Бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони неругоҳи Роғун ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод. Дар ин зимн бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба неругоҳи Роғун ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонад.
Ҷонибҳо имконоти васеъи ҳамкорӣ дар самти энергетикаи “сабз”, аз ҷумла сохтмон ва навсозии неругоҳҳои барқии гуногуниқтидор ва ба истифода додани дастгоҳҳои офтобию бодиро муҳокима намуданд.
Дастгирии молиявии Бонк барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хатари селу ярч ва ҷалби технологияҳои муосири назорату мониторинг зарур шумурда шуд.
Ба тақвияти ҳамгироии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори он ва навсозии низомҳои коммуналӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамкорӣ барои ҷалби сармояи хусусӣ, рушди шаклҳои инноватсионии маблағгузорӣ ва усулҳои нави молиявӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳо номида шуд.









Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






