Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон бо фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардид

Сентябрь 16, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳонаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» хабар медиҳад.

Меҳмонон нахуст бо фаъолияти корхона ва имконияти технологию инфрасохтории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо барои барқарорсозии робитаҳои шарикӣ байни муассисаҳои соҳавии ду мамлакат изҳори омодагӣ намуда, пешрафти назарраси шаҳри Душанберо дар самти рушди рақамӣ таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омад. Дар доираи сафар бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ мулоқот намуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»

Сентябрь 16, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад