Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.
Маврид ба таъкид аст, ки моҳи июли соли 2022 зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ, баргузории Форуми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расида буд.
Форумҳои қаблӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ ва тавсеаи муколамаи минтақавӣ мусоидат намуданд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки баргузории мунтазами Форуми мазкур нишонаи эҳтиром ба арзишҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ифодаи талоши устувори кишварҳои минтақа дар роҳи таҳкими эътимод, муколама ва ҳамкорӣ ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю талошҳои созанда ва сиёсати пайгиронаву босуботи Сарони давлатҳои он имрӯз тадриҷан ба минтақаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд табдил меёбад.
Муҳимтар он аст, ки аз самараи барқарории фазои сифатан нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод дар минтақа, пеш аз ҳама, халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Осиёи Марказӣ баҳравар мегарданд.
Дар доираи рӯзномаи форум иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди рақамикунонии иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи ин масъалаҳо дар бахшҳои алоҳидаи форум муҳокимаҳои судманд сурат гирифтанд.
Бо натиҷагирӣ аз кори Форум Декларатсияи Бишкек қабул карда шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид






