Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «СҲШ-плюс» дар мавзуи «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор» иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарияти кишвари мизбон барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ ва дар доираи созмон фароҳам овардани имкони хуби баррасии масоили ҳамкорӣ изҳори сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамкории гуногунҷанба андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳо ва намояндагони воломақоми созмонҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намуданд.
Ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай-плюс тадбирҳои то имрӯз анҷомдодаи Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки нақлиёт, гидроэнергетика, саноат ва дигар самтҳо расонда шуд.
Даъват карда шуд, ки бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамкории муштарак тақвият дода шавад.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамаи кишварҳо ва созмону ниҳодҳои минтақию ҷаҳонии алоқамандро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд.