Соҳибкорону сармоягузорони тоҷик дар Форуми байналмилалии сармоягузории Хоразм иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи 10-нафараи соҳибкорону сармоягузорони вилояти Суғди Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Хоразм, ки аз 19 то 22 сентябр дар шаҳри Хиваи вилояти Хоразми Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Дар форум Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мавзуи «Раванди ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ» маъруза намуда, доир ба тақвияти равобити дуҷониба байни ду мамлакати дӯсту ҳамсоя изҳори назар намуд.
Дар форум доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ аз 30 кишвари дунё, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорони муваффақ иштирок намуданд.
Ба меҳмонон ва иштирокдорони форум дастовардҳои вилояти Хоразм дар замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки дар вилояти Хоразм беш аз бист корхонаи бузург фаъолият дошта, шарикони асосиашон Чин, Русия, Туркия, Белгия, Олмон ва Фаронса мебошанд. Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории Хоразм ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои шаҳрҳои Хива ва Урганҷ шинос шуданд.
Имконоти равобити тиҷоратӣ бо ин вилоят зиёд буда, соҳибкорони тоҷик метавонанд дар самтҳои гуногун бо соҳибкорону сармоягузорони вилояти Хоразм ҳамкорӣ намоянд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






