ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2025 аст

Сентябрь 11, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1839 дар Канада аввалин мусобиқаи варзиши сабук баргузор гардид.

***

11 сентябри соли 1852 дар шимоли Колумбия аввалин рӯзнома-«Olympia Columbian» нашр шуд.

***

11 сентябри соли 1888 дар маросими кушодашавии намоиши саноатӣ дар Торонто аввалин маротиба сабти садои инсон амалӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1971 Миср конститутсияашро қабул намуд.

***

Соли 2012 шабакаи давлатии телевизионии «Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои шабонарӯзӣ оғоз намуд.

***

11 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти вақти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ва Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқот анҷом доданд.

***

11 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баррасӣ гардид.

***

9 сол пеш, 11 сентябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд.

***

11 сентябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсуси «ЭКСПО-2017» Ҷоизаи тилло ва ҷойи якумро сазовор гардида, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои арзанда гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон аз номи Пешвои миллат ба як зумра кормандони муваффақ мукофотҳои давлатӣ супориданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва сарҷамъии сокинони деҳот дар ҳашт моҳ зиёда аз 40 км роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш гардиданд.

11 СЕНТЯБР:

Дар Аргентина  — Рӯзи муаллимон

Сентябрь 11, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, сешанбе, 252-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, душанбе, 251-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, якшанбе, 250-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст