ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст

Сентябрь 21, 2025 08:00

24 сол пеш, 21 сентябри соли 2001 маросими баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон- «Регар-ТадАЗ» ғалаба ба даст овард.

***

21 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуданд.

***

21 сентябри соли 2017 дар ИМА Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

21 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи видеоконференсия дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Петер Маурер баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, тарҳҳои дар мамлакати мо амалишаванда, мавзуъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва зарурати расонидани кумаки башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ карда шуданд.

***

21 сентябри соли 2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов маросими ҷамъбаст ва мукофотсупории Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» ва маҳфили эҷодии шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» баргузор шуд.

21 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии сулҳ.

***

Дар Аргентина – Рӯзи донишҷӯён.

***

Дар Арманистон — Рӯзи истиқлолият. 

Сентябрь 21, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, панҷшанбе, 261-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, сешанбе, 259-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, шанбе, 256-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, ҷумъа, 255-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, сешанбе, 252-юмин рӯзи соли 2025 аст