ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст

Сентябрь 26, 2025 08:00

26 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.

***

17 сол пеш, 26 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

***

26 сентябри соли 2011 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо баргузор гардид, ки варзишгари тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 кг барандаи ин ҷом шуд.

***

26 сентябри соли 2011 вакилони Парлумони Британияи Кабир ва ҷамъияти соҳибкорони Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.

***

12 сол пеш, 26 сентябри соли 2013 дар «Наврӯзгоҳ»- и пойтахт барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо баргузор шуд.

***

Соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгардухтари тоҷик аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Муниса Адилматова дар вазни 68 кг дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ байни иштирокдорони аз 18-сола боло медали тилло ва Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-доро соҳиб шуд.

***

26 сентябри соли 2020 Театри давлатии драмаи  мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом нахустнамоиши спектакли «Бозичаҳо»-ро ба таври онлайн дар саҳифаи театр дар шабакаи иҷтимоии  «You tube» доир намуд.

***

26 сентябри соли 2023 варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид.

26 СЕНТЯБР:

Рӯзи Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

***

Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нобуд намудани яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи забонҳои аврупоӣ.

***

Дар Эквадор – Рӯзи парчами миллӣ.

Сентябрь 26, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, сешанбе, 266-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, панҷшанбе, 261-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, сешанбе, 259-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, шанбе, 256-умин рӯзи соли 2025 аст