ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст

Сентябрь 5, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1941 дар шаҳри Хоруғ Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфт.

***

19 сол пеш аз ин, 5 сентябри соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «Тоҷикистон-қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ» нашр шуд.

***

5 сентябри соли 2011 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба истифода дода шуд.

***

5 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» ва Намоишгоҳи V байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС сухан гуфтанд.

***

5 сентябри соли 2017 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар дастаи  мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

***

Соли 2018  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Уштобеи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳони Казахкуреш баргузор гардид, ки паҳлавонони  тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи баланд соҳиби се медал гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

5 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии миннатдорӣ.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи муаллим.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳалима Алибоева— соли 1958 — актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сентябрь 5, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст