ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад

Сентябрь 6, 2025 08:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин беш аз 30 сол аст, ки ҳамкории хубу созандаи гуногунҷанба доранд ва ин ҳамкорӣ бо азму талоши ду ҷониб то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. Дар саргаҳи рушди имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ талошу тадбирҳои пайвастаи роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин меистад. Ду давлат дар баробари муносибатҳои дуҷониба ҳамчунин дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои қавии байнидавлатӣ доранд, ки соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегиранд. Намунаи олию барҷастаи робитаҳои судбахши Тоҷикистон ва Чин ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчун яке аз бунёдгузорони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ барои рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо ҳама кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаҳду талоши зиёд менамояд.

Бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин рӯзҳои 31 август то 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафари корӣ анҷом дода, дар таърихи муносибатҳои байнидавлати саҳифаҳои нав боз намуданд. Ин сафар барои ҳарду ҷониб ҳам аз лиҳозӣ сиёсӣ ва ҳам лиҳози иқтисодӣ пурманфиату бобарор буд.

Дидору мулоқот бо роҳбари Чин ва сарони якчанд кишварҳои дигари ҷаҳон, иштирок дар ҳамоишҳои бузурги Созмони ҳамкории Шанхай, тантанаҳои идона бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар майдони Тянанмэн аз чорабиниҳои асосии барномаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин буд.

Ин навбат ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷин баргузор гардиданд. Тянҷин бо зиёда аз 13 миллион аҳолӣ сеюмин минтақаи бузурги шаҳрӣ ва яке аз чор музофоти тобеи марказ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад.

Мутобиқ ба анъанаҳои меҳмоннавозии мардуми Чин ба хотири ташрифи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин меҳмонони баландмақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ шоми 31 август бо иштироки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Маҷмааи ҳамоишу намоишгоҳҳои «Мэйтсзян»-и шаҳри Тянҷин маросими қабули расмӣ ва аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо баргузор гардид. Дар ҳошияи ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди суҳбати самимӣ анҷом дода, масоили густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима қарор доданд.


Субҳи 1 сенятбр дар Маҷмааи ҳамоишу намоишгоҳҳои «Мэйтсзян»-и шаҳри Тянҷин ҷаласаи 25-уми Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, нахуст ба тадбирҳои ташкили ҳамоиш дар сатҳи олӣ ва меҳмоннавозии ҷониби Чин баҳои баланд доданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар рушди ҳамкории байнидавлатию минтақавӣ назаррас арзёбӣ карда, густариши минбаъдаи муколамаи сиёсии боэътимодро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурданд.

«Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем»,-иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва азхудкунии иқтидори гидроэнергетикии мамлакат андешаронӣ намуданд.

Имконоти Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба рушди саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди канданиҳои фоиданок ва бахши агросаноатӣ муаррифӣ карда шуд.

Роҳбари давлат бо назардошти имконияти муҳити табии Тоҷикистон иштирокдорони ҳамоишро ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва табобатӣ даъват намуданд.

Зимни таҳлили вазъи таъмини амнияти минтақавӣ ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва радикализм дар ҳама зуҳуроти он, инчунин бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази универсалии мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба имзо расиданд, дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар ин самтҳо боз менамоянд.

Пешвои миллат аз роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар робита ба дастгирии қарори дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» фаъолона пеш бурда мешавад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувор ва тағйирнопазири Тоҷикистонро дар самти ҳалли вазъи мураккаб дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои ҷангзада таъйид намуданд.

Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки музокирот ва муколама роҳи ягонаи ҳалли ҳамаи буҳронҳо ва низоъҳо мебошанд.

Дар бахши фарҳанг тақвияти ҳамкории фарҳангию башардӯстона бо лоиҳаҳои нави таълимӣ ва иҷтимоӣ амри муҳим дониста шуд.


Дар ин зимн аз шарикон даъват карда шуд, ки дар Форуми ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии давлати мо, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон зиёда аз бист сол аст, ки масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои обӣ, иқлим ва рушди устуворро пеш мебарад, аз ҷумла майдонҳои байналмилалии «Раванди оби Душанбе» ва «Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо»-ро рушд медиҳад».

Пешбурди ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи тадбирҳои башардӯстонаи Тоҷикистон номида шуд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳамёрии зичи кишварҳои «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай», Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти шарики минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро таъкид намуданд.

Аз ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос ба сифати понздаҳумин шарики муколамаи Созмон истиқбол карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, ба имзо расид.

Нимаи дуюми 1 сентябри соли 2025 дар макони асосии баргузории ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷин ҷаласаи «Созмони ҳамкории Шанхай-плюс» дар мавзуи «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор» доир гардид. Дар кори он низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарияти кишвари мизбон барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ ва дар доираи созмон фароҳам овардани имкони хуби баррасии масоили ҳамкорӣ изҳори сипос намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамкории гуногунҷанба андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳо ва намояндагони воломақоми созмонҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намуданд.


Ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай-плюс тадбирҳои то имрӯз анҷомдодаи Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки нақлиёт, гидроэнергетика, саноат ва дигар самтҳо расонида шуд.

Даъват карда шуд, ки бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамкории муштарак тақвият дода шавад.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамаи кишварҳо ва созмону ниҳодҳои минтақию ҷаҳонии алоқамандро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои тарғиби ҷараёни баргузории ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷин зиёда аз се ҳазор намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин ва кишварҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, дар толори бузурги муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири алоқа ва иттилоърасонӣ фаъолият намуданд.

Дар ҳошияи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуда, масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба ва ҳамгироӣ дар доираи узвият дар Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Дар ҷараёни ду ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои зиёд, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва роҳбарияти дигар созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар ташаббускорӣ дар ҳалли масоили минтақавию байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз бунёдгузорони Созмони ҳамкории Шанхай дар ташаккули созмон ва рушди ҳамкорӣ дар доираи он нақши бузургу калидӣ доранд. Моҳи майи соли 2023 ҳангоми баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни суханронии ҷаъмбастӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин изҳор доштанд, ки “Шумо Ҷаноби Президент, миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай қарор доштед». Ин таъкидҳо дар ҳақиқат воқеӣ мебошанд ва кулли иштирокдорони ҳамоишҳои навбатии Созмони ҳамкории Шанхай, хусусан сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо бо эҳтироми хосса ва таваҷҷуҳи беандоза ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат менамуданду аз ҳамкорию дӯстӣ ва бародарию ҳамсоягии нек ҳарф мезаданд.

Дар маркази таваҷҷуҳи рӯзноманигороне, ки барои инъикоси ин чорабинии бузурги байналмилалӣ ҷалб шуда буданд, робот-зани гӯё қарор гирифта буд. Ҳангоми пурсиши мо дар хусуси шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робот-зан посух дод, ки «муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои тоҷикон мебошад. Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар давраи кӯтоҳ ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Имрӯз Тоҷикистонро зери роҳбарии ин абармарди дунёи сиёсат ҳамчун давлати пешсаф дар ҳалли масоили глобалӣ, махсусан дар соҳаи обу иқлим мешиносанд. Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Тоҷикистон дар рушди ҳамгироии байнидавлатӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, ниҳоят бузургу арзишманд аст».


Тоҷикистон ва Чин имрӯз дар бисёр масоили рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақш ва мавқеи яксон дошта, аз ҷумла дар доираи узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай барои рушди муносибатҳои байниҳамдигарӣ иқдоми бузург пеш мегиранд. Созмони ҳамкории Шанхай ба бузургтарин созмони байналмилалӣ табдил ёфта, дар қаламрави давлатҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамаи он беш аз 40 фоизи аҳолии сайёра зиндагӣ мекунанд. Ин созмони муътабари ҷаҳонӣ соли 1996 ҳамчун Панҷгонаи Шанхай таъсис дода шудааст. Соли 2001 бо ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Узбекистон ба ин созмон он аз Панҷгонаи Шанхай ба Созмони ҳамкории Шанхай табдил ёфт. Ҳоло 10 давлати ҷаҳон, ки қудрати бузурги минтақавию байналмилалиро ташкил медиҳанд, аъзои ин созмон мебошанд. Дар назди созмон ду давлат ҳамчун нозир ба қайд гирифта шуда, 15 давлат ба ҳайси шарикони муколама мебошанд.

Хотиррасон шудан ба маврид аст, ки беш аз сӣ сол боз, махсусан аз замони таъсиси Панҷгонаи Шанхай дар соли 1996 Душанбе бо Пекин ва дигар кишварҳои аъзои созмон муколамаи доимӣ дорад ва дар доираи ин муколама масоили марбут ба ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодиро ҳал менамоянд.

Коршиносон Созмони ҳамкории Шанхайро қудрати нави ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунанд, зеро, ки ҳадафи ин созмон бунёди ҷаҳони нав буда, таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек шиораш мебошад. Аз ин хотир ва бо назардошти нақши фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ин созмон бо давлатҳои аъзо, нозир ва шарикони муколама таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Далели бебаҳси ин гуфтаҳо он аст, ки дар остонаи ҳар нишасти созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои аъзо мусоҳибаи хосса анҷом медиҳанд ва фикру назарашонро оид ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай изҳор медоранд. Ин навбат низ, қабл аз сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони бонуфузтарин воситаҳои ахбори оммаи Чин мусоҳиба анҷом дода, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар ҳамаи соҳаҳо ба сатҳи сифатан нав – шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромадааст. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногуни иқтисод, бахусус саноатикунонӣ, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои «сабз» ва ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» барои Тоҷикистон имконияти нави иқтисодӣ ва рушди инфрасохторро фароҳам овардааст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мусоҳиба ҳамчунин ба раёсати Чин дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, онро қадами бузурге дар таҳкими нақши Созмон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.

Баъди анҷоми ҳамоишҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатораи баландсуръат аз шаҳри Тянҷин ба шаҳри Пекин — пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

Аснои ин сафар ба нақши илму техникаи замонавӣ дар таъмини пешрафту тараққиёти ҷаҳони муосир баҳои баланд дода шуд.

Рӯзҳои дуюм ва сеюми сентябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин идома ёфт.

Дар шаҳри Пекин нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуда, масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот алоқамандии давлати мо барои дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои чаҳонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва рушди бозори неруи барқ дар минтақа, аз ҷумла татбиқи саривақтии тарҳи КАСА-1000 таъкид карда шуд.


Масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, пешгирӣ аз ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир аз мавзуъҳои дигари ин вохӯрӣ буд.

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ карда шуд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо саҳми шоистаи Шуморо, ҷаноби Си Ҷинпин, дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳоямон баланд арзёбӣ менамоем”.


Таъкид гардид, ки бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амну субот ва густариши робитаҳои судманди байнидавлатӣ саҳм мегузорад.

Сарвари давлати мо бо таъкиди дастгирии ташаббуси нави “Идораи глобалӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор доштанд, ки ин ташаббус бо талошҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, сулҳи комил, амният ва рушди устувор ҳамсон аст ва барои пешбурди ҳадафҳои муштараки мо зарфияти зиёд дорад.

Ҷонибҳо аз такмили абзорҳои ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ду давлат, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, рақамикунонӣ, таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, истифодаи имконияти транзитӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологӣ (Data center), таҳкими амнияти киберӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ аз самтҳои дигари ҳамкории стратегӣ номида шуд.


Ҳамкории ду давлат дар соҳаи гидроэнергетика низ аз масъалаҳои авлавиятнок буд. Тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид. Рушди робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника ва сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Таъкид гардид, ки дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳарду давлат мавқеи ҳамсон доранд.

Ногуфта намонад, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин байни сохторҳои дахлдори ду давлат 8 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба Ташаббуси амнияти глобалӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва технологияҳои нав, Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии иттилооти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди сабз ва камкарбон миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ва Консерваторияи Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.

Бегоҳии ҳамон рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии (Парлумони) Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи доир гардид, ки зимни он маҷмуи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ карда шуд.

Дар оғоз Сарвари давлати мо роҳбарият ва мардуми Чинро бо солгарди 80-уми пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ва баргузорсозии бомуваффақияти чорабиниҳои пуршукуҳ ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд.

Аз сатҳу мундариҷаи муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, дӯстии боэътимод, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин таъкид гардид.

Роҳбари Парлумони Чин зимни баҳогузорӣ ба сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба бо кишвари мо, аз ҷумла изҳор дошт: “Чин ҳамеша дӯсти аз ҳама боэътимод ва шарики боварибахши Тоҷикистон хоҳад буд”.


Зимни мулоқот истифодаи фаровони имконият дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти аграрии Тоҷикистон ба Чин мувофиқи мақсад шумурда шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, раванди рақамикунонии иқтисоди миллии Тоҷикистон, рушди робитаҳо дар соҳаи таҳсилот ва омода намудани мутахассисони технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр дар ҳошияи чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн низ мулоқот намуданд.

Саҳми бонк дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён номида шуд.


Таъкид гардид, ки бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод. Дар ин зимн бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонад.

Бо ҳамин барномаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт ва шоми 3 сентябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Пекин ба Ватан баргаштанд.

Хотиррасон шудан ба маврид аст, ки аз оғози барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ 15 маротиба ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатӣ, расмӣ ва корӣ анҷом додаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин маротиба соли 1993 ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудаанд. Баъдан сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин солҳои 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2023 ва 2025 анҷом дода шудаанд.

Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Директори АМИТ «Ховар»

Душанбе – Тянҷин – Пекин – Душанбе

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолият — асоси рушди устувори давлат
Нигоҳе ба 30 соли Гвардияи миллӣ дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ
Имсол ба фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд
СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — САРВАТИ ГАРОНБАҲОТАРИН. Эҳдо ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЭКВОНДО. Ин навъи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон рушди бештар меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 давлати ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Сарчашмаи сулҳу субот, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа дониш аст
НАЗДИК СОХТАНИ ИЛМИ АКАДЕМӢ БА ИСТЕҲСОЛОТ. Дар робита ба суханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Он падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омили таҳкими рушди устувори маориф аст
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш