Сарчашмаи сулҳу субот, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа дониш аст

Сентябрь 2, 2025 15:55

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди ногусастание ба пиндор, рӯзгори миллати мо ва сулҳу суботи ҷумҳурӣ доранд. Ҳамин пайванд аст, ки сухани нахустин дар оғози таҳсил аз сулҳ аст. Сулҳе, ки мардуми мо онро қадр менамоянд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд. Ин дарс дарси одӣ нест, балки аз таърих сабақ гирифтан ва сабақ додан аст, як навъ эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати онҳоест, ки таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо ва ҷумҳурии моро ба сулҳу ваҳдат расондаанд.

Боиси хушнудист, ки ҳамасола Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Ба ин муносибат 30 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи биною иншооти нав дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи дониш бо аҳли маорифи мамлакат мулоқот ва суханронӣ намуданд.

Воқеан ҳам суханронии Президенти мамлакат дар арафаи оғози таҳсил, ки ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм равона гардидаанд, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд. Дар ин замина омӯзгоронро зарур аст, ки суханони Пешвои миллатро сармашқи фаъолият қарор дода, барои тарбияи насли наврас дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзу гиромидошти забон ва муқаддасоти миллӣ саҳм гузоранд.

Яке аз воситаҳои асосии рушди ҷомеа дар ҳама давру замон дониш ва илм ба ҳисоб меравад. Маҳз дониш тафовути ҷомеаро аз табиат бо тамоми ҷанбаҳояш инъикос менамояд. Дониш аст, ки маърифат дар ҷомеа бар хурофоту ифрот ғолиб аст. Сарчашмаи сулҳу субот, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа танҳо дониш мебошад.

Миллати тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз аҳди бостон ба дониш ҳамчун силоҳи боэътимод ва механизми асосии рушди ҷомеа диққати махсус медод. Дар тамоми сатҳ ба донишу донишмандони замон эҳтироми хосса зоҳир мешуд. Ҳанӯз дар аҳди ҳукумати Ҳахоманишиёну Сосониён барои дар руҳияи аз худ кардани илму дониш тарбия намудани насли наврас дабистонҳо кушода шуда буд, ки дар он беҳтарин мударрисон ба таълиму тарбия машғул буданд. Маҳз эҳтироми хосса барои аз худ намудани дониш буд, ки беҳтарин шахсиятҳо дар ҷомеаи тоҷикон ба воя мерасиданд. Бузургони илму ирфони тоҷик дар хусуси аҳамияти омӯзиши илму дониш дар осори худ таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муътамади таърихии ниёгони тоҷикон, махсусан китоби «Авесто», «Форснома»-и Ибни Балхӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ» оид ба ҷойгоҳи илму дониш дар ҷомеаи ниёгони тоҷикон маълумоти мушаххас мавҷуд аст. Ҳанӯз дар асри IХ асосгузори адабиёти калассики тоҷику форс Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ чунин таъкид намуда буд, ки имрӯз вирди забони мову шумо аст:

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Тоҷикон бо рисолати донишандӯзии худ дар тамоми самтҳо, махсусан азхуд намудани дониш барои халқҳои ҳамҷавор давоми зиёда аз ҳазор сол нақши омӯзгориро иҷро намудаанд. Миллати тоҷик ҳеҷ вақт аз илму дониш канора нагирифт ва онро чун анъана барои хеш пазируфт.

Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин анъанаи неки ниёгон имрӯз идома дода шавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маорифро дар сиёсати худ афзалияти бештар додаанд. Танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ зиёда аз садҳо муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардид. Аз 13 донишгоҳу донишкадаи замони шуравӣ имрӯз ин шумора ба 48 донишгоҳу донишкада расидааст, ки ин нишондиҳанда аз диққати махсус додан ба ин соҳа дарак медиҳад.

Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии мамлакат нақши устувор дорад. Имрӯз дар баробари дигар муассисаҳои илмӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги омода намудани кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD нақши бориз дорад.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонАМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад
Раиси шаҳри Шероз бо имконоти муосири таълимию илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсати маориф ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид
Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хатлон беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст