Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дохил гардидани Резервати биосферии «Ромит» рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон мебошад», — гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шамсиддинзода.

Бояд гуфт, ки 27 сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 37-уми Шурои ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера», ки дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор гардид, Резервати биосферии «Ромит» расман ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Ворид гардидани Резервати биосферии «Ромит» ба шабакаи ҷ аҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО эътирофи сатҳи баланди фаъолияти муҳити зист дар Тоҷикистон буда, инчунин далели талошҳои ҷумҳурӣ дар роҳи ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими тавозуни экологӣ мебошад.

Дар Резервати биосферии «Ромит» 134 намуди паранда мавҷуд аст

Дар Резервати биосферии «Ромит», ки дар минтақаи кӯҳии ҷангалзор воқеъ аст, 134 намуди паранда, аз ҷумла булбул, саъба, момоҷурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагӣ, кабк, кабки дарӣ, кабӯтар, бедона, бургут, мурғи ҳумо, сангодавак, товусаки биҳиштӣ ва чанд навъи зоғ мавҷуд ҳастанд. 80 намуди онҳо парандаҳои муқимӣ буда, боқимонда дар фаслҳои муайян ба ин минтақа меоянд.

Резервати биосферии «Ромит» дар 16,2 ҳазор гектар доман густурдааст

Резервати биосферии «Ромит» соли 1959 ҳамчун мамнуъгоҳ ташкил карда шуда, соли 2014 бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои бойи табиат ба Резервати биосфеорӣ табдил дода шуд.

Масоҳати умумии Резервати биосферии «Ромит» беш аз 16 ҳазор гектар буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар болооби дарёи Кофарниҳон, дар баландиҳои аз 1176 то 3700 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Табиати резерват аз мавзеъҳои зебои сабзпӯш иборат буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон – Сорво ва Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо ҷойгир аст. Иқлимаш континенталӣ ва дорои чор фасли сол буда, дар моҳҳои июн — август ҳарорати ҳаво дар ин ҷо то 38 дараҷа гарм ва дар фасли зимистон то 30 дараҷа сард мешавад.

Олами ҳайвоноти Резервати биосферии «Ромит»

Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ҷамоаҳо, популятсияҳо ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил қарор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзор ва намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонҳо хеле диққатҷалбкунанда аст. Дар ин ҷо аз ҳайвонҳои ваҳшӣ -бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, хуки ёбоӣ, гург, рӯбоҳ ва дигар ҳайвонҳо сукунат менамоянд. Ҷамоаҳои зиёди дарахтӣ ва буттагӣ, ки дар дигар қаламрави ҷумҳурӣ кам дучор меоянд ё тамоман вуҷуд надоранд, дар резервати «Ромит» муътадил сабзиш дошта, ба онҳо челонзор, фаркзор, ангатзор, беду булутзор ва бодомзору чормағззор мансубанд. Хусусан бодомзору чормағззор омили муҳими мавҷудияти резерват мебошанд.

Рисолати асосии резерват аз чӣ иборат аст?

Рисолати асосии резерват дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани аксар қисмҳои табиат ва пурра кардани баъзе ҷамоаҳо, барқарор ва ҳифзи онҳо аст. Вобаста ба шароити зисти олами ҳайвонот ҳудуди резервати «Ромит» ба 3 минтақа -даштҳои кӯҳӣ, ҷангалзор ва баландкӯҳҳо тақсим мешавад, ки аз ҳамдигар бо хусусияти хос фарқ мекунанд. Дар маҷмуъ, ин мавзеъ дар минтақаи нотакрори табиӣ ҷойгир буда, бо гуногуншаклии нотакрори биологӣ, ҳузури намудҳои нодиру эндемикӣ ва истифодаи усулҳои анъанавии устувори истифодаи табиат фарқ мекунанд.

Дар резерват 197 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд

Резервати биосферии «Ромит» дорои табиати нотакрор ва гиёҳҳои шифобахши табиӣ ва хӯрданбоб мебошад. Дар сатҳи муътадил дар кӯҳу кӯҳпораҳо намудҳои зиёди растаниҳои шифобахшу ғизоӣ, аз қабили сеалаф, чукрӣ, модел, рошак, шибитак, каравшак, торон, сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, холмон, намудҳои гуногуни пиёз- дар маҷмуъ 197 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд. Инчунин дар ин ҷо бештар дарахти бодом, навъҳои гуногуни олуча, себ, бед, хуч ва арча хуб нашъунамо менамоянд.

Дар резерват дар 60 гектар ҷангалзор ташкил гардид

Масоҳати Резервати биосферии «Ромит»-ро дарёву адирҳо, ҷамоаҳои туту гелос, себу биҳӣ, зардолую олуи ёбоӣ ишғол карда, инчунин растаниҳои доруворӣ, аз чумла, пудина, кифгули калон, тугмагул, зардкаҳак, сапали шутур, мураккабгул, эшим ва камол низ кам нестанд. Солҳои охир дар Резервати биосферии «Ромит» дар 60 гектар ҷангалзор ташкил карда шуда, дар он 100 ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд.

Намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат

Ворид гардидани Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо назардошти ниёзҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии таҳқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 30, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд