35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти нави таълимӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 11, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаҳои Хушдара ва Ғусари шаҳри Панҷакент якчанд  иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Панҷакент хабар доданд.

Дар деҳаи Хушдараи Ҷамоати деҳоти Шинг  бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 124 ифтитоҳ ёфт. Мактаби нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд гардидааст.

Ин муассисаи таълимӣ барои 600 хонанда пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои васеъ, лабораторияҳои фаннӣ, утоқҳои омӯзгорон ва толори маҷлис мебошад. Бино ба системаи мустақили гармидиҳӣ пайваст буда, дар он барои фаъолияти пурсамари омӯзгорон ва таълими хонандагон шароити мусоиди корию таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон дар деҳаи Ғусар майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, майдони хуб барои баргузории бозиҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Панҷакент

Октябрь 11, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд