Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба беш аз 28 миллиард сомонӣ расид

Октябрь 25, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 25.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 28 миллиарду 321 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш 131,9 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида равона карда шуд. Аз ҷумла, моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба миқдори 1 миллиону 583 ҳазору 500 тонна ангишт истеҳсол шуда, суръати афзоиш 102,1 фоиз таъмин гардид.

Дар вилояти Суғд 1301 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 39 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1262 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми 9 моҳи соли 2025 дар миқёси вилоят 127 корхонаю коргоҳи нав бо 1077 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар аксари бахшҳо то ҳол имконоти мавҷуда ба таври пурра ва мақсаднок истифода нашудаанд. Аз ин рӯ масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои афзун гардонидани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамъбасти сол аз тамоми захираю имконият самаранок истифода баранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд