Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёддошти мазкур аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ва директори Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Кирил Бабаев ба имзо расонида шуд.
Ин санад дар асоси муқаррароти шартномаҳои байналмилалии ба тасвибрасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва бо назардошти ҳадафҳои муштараки тарафҳо барои тавсеаи робитаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ таҳия ва имзо гардид.
Тибқи ин ёддошт ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар заминаи қонунгузории миллии кишварҳои худ ва бо назардошти вазифаҳои оинномавии муассисаҳои дахлдор барои ба роҳ мондани ҳамкории устувор ва робитаҳои мунтазами корӣ иқдоми муштарак пеш гиранд.
Самтҳои асосии ҳамкорӣ ба таҳқиқоти сиёсӣ ва омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳқиқоти иқтисодӣ, таҳқиқоти таърихӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин таҳқиқот оид ба масоили экология, энергетика, нақлиёт ва об равона мешаванд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ тарафҳо нашри муштараки мақолаҳои илмӣ ва таҳқиқотиро дар маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои нашрияи тарафайн, аз ҷумла платформаҳои интернетӣ ба роҳ мемонанд. Баргузории семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба аз ҷумлаи дигар бахшҳои муҳими ин ҳамкорӣ ба шумор меравад.
Имзои ин Ёддошти тафоҳум қадами муҳиме дар роҳи таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маҳсуб шуда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии ду давлат мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






