Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко ва намояндагони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Русия мулоқот намуд, ки зимни он Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода ба ҳайати Вазорати тандурустии Федератсияи Русия барои иштироки фаъолона дар ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 2-3 октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Соли 2023 байни Тоҷикистону Русия Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти тиббӣ ва илмӣ ба имзо расида, дар баробари ин дар ҳошияи Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2024 дар шаҳри Женеваи Швейтсария Харитаи роҳ барои марҳила ба марҳила татбиқ гаштани он тасдиқ гардид.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки мо ба фаъолияти муштарак дар якчанд самтҳо, аз қабили мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок, табобати бемориҳои дил ва саратон, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва истифодаи технологияҳои телетиб аҳамияти махсус медиҳем.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи табодули академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки давоми чанд соли охир ҳамтоён аз Марказ ба номи Кулакови ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даврҳои омӯзишӣ ташкил намуданд. Ин даврҳои омӯзишӣ ба беҳтар шудани вазъи соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак дар мамлакат мусоидат мекунанд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар рушди ҳамкории дуҷониба қадами муҳим гузошта, ба густариши ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ мусоидат мекунад.
Зимни мулоқот бо назардошти таъмини рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва дастгирии татбиқи созишномаи байниҳукуматӣ аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тандурустии Федератсияи Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






