Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид

Октябрь 9, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко ва намояндагони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Русия мулоқот намуд, ки зимни он Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027  ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода ба ҳайати Вазорати тандурустии Федератсияи Русия барои иштироки фаъолона дар ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 2-3 октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Соли 2023 байни Тоҷикистону Русия Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти тиббӣ ва илмӣ ба имзо расида, дар баробари ин дар ҳошияи Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2024 дар шаҳри Женеваи Швейтсария Харитаи роҳ барои марҳила ба марҳила татбиқ гаштани он тасдиқ гардид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз  намуд, ки мо ба фаъолияти муштарак дар якчанд самтҳо, аз қабили мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок, табобати бемориҳои дил ва саратон, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва истифодаи технологияҳои телетиб аҳамияти махсус медиҳем.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи табодули академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки давоми чанд соли охир ҳамтоён аз Марказ ба номи Кулакови ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даврҳои омӯзишӣ ташкил намуданд. Ин даврҳои омӯзишӣ ба беҳтар шудани вазъи соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак дар мамлакат мусоидат мекунанд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар рушди ҳамкории дуҷониба қадами муҳим гузошта, ба густариши ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ мусоидат мекунад.

Зимни мулоқот бо назардошти таъмини рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва дастгирии татбиқи созишномаи байниҳукуматӣ аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тандурустии Федератсияи Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027  ба имзо расид.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид