Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид

Ноябрь 6, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия таҳти унвони «Тандурустии миллӣ-2026» бо иштироки коршиносони байналмилалӣ конгресси 5-уми миллӣ доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд, конгресси мазкур ҳамасола ҳамчун платформаи ягонаи муколамаи байнидавлатӣ дар Федератсияи Русия баргузор гашта, дар он мутахассисону коршиносон аз давлатҳои гуногун муҳимтарин масъалаҳои соҳаи тандурустиро муҳокима мекунанд.

Дар конгресс ташаббусҳои стратегӣ, ки роҳи рушди соҳаи тандурустиро дар солҳои оянда муайян мекунанд, аз қабили тибби фардӣ, рушди инфрасохтор ва таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва сиёсати кадрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи он иҷлосияи “Эъломияи Москва оид ба тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ: 15 соли тағйироти системавӣ” доир шуд. Соли 2026  15-солагии Эъломияи Москва дар бораи тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, ки он ҳуҷҷати муҳим дар ташаккули рӯзномаи муосири байналмилалии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ба шумор меравад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Маркази миллии таҳқиқоти тиббии ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневский Амиран Ревишвили вохӯрӣ намуда, доир ба тақвияти ҳамкории муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маркази мазкур мубодилаи афкор намуд.

Ин марказ дар самтҳои ҷарроҳии шикам, ҷарроҳии рагҳо, ҷарроҳии дил, ҷарроҳии сина, табобати ҷароҳатҳои гармӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъолият менамояд. Он яке аз муассисаҳои ҷарроҳии бисёрсоҳавӣ дар тобеияти Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ба шумор меравад.

Ҳамчунин Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони тандурустии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Хорватия ва ректори Донишгоҳи тиббии Қазон вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон доир ба натиҷаҳои конгресс ва ҳамкории Тоҷикистону Русия мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 6, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид