Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025 «Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик», «Алоқаи махсус» ва «Маркази марка» муттаҳид карда шуда, дар натиҷа Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъсиси ин корхона дар асоси таҷдиди сохторӣ доир шуда, бо мақсади рушди ҳамоҳангу самараноки бахши муросилоти мамлакат амалӣ гардид. Ин иқдом имконият медиҳад, ки хизматрасонии почтавӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат бо сифат ва суръати баланд ба марҳилаи нав ворид гардад.
Ёдовар мешавем, ки муросилоти почтавии Тоҷикистон бо номи Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» аз соли 1997 фаъолият дошт. Ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» хизматрасонии гуногуни муросилотиро ба тамоми ҷумҳурӣ ва 192 давлати дунё ба таври фаврӣ ва боэътимод анҷом медиҳад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






